Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон» ба таври ихтиёрӣ барҳам дода шуд

«Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон» ба таври ихтиёрӣ барҳам дода шуд

29-06-2021, 13:42
Хабарро хонданд: 283 нафар
Назарҳо: 0
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз барҳамдиҳии ихтиёрии ҶСП «Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон» хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» дархости ҶСП «Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон» оид ба бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрии ҶСП «Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон» қонеъ карда шуд.

Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси қарори Шӯрои нозирони Бонки миллии Покистон аз 21 феврали соли 2020 тибқи стратегияи тиҷоратӣ барои амалиёти байналмилалӣ қабул шудааст, ки дар стратегияи номбурда хотима додани фаъолияти Бонки миллии Покистон дар бозорҳои молиявии Туркманистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Тоҷикистон қарор дода шудааст.

Аз ин рӯ, Иҷозатномаи ҶСП «Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон» барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ аз 20 марти соли 2012, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 9 марти соли 2012 дода шудааст, бозхонд гардида, аз эътибор соқит дониста мешавад.

Мақомоти ваколатдори ҶСП «Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон» вазифадор карда мешавад, ки комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода, расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони Бонкро бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: