
Бонки миллии Қирғизистон 15 август ба бозори асъор дахолат кард. Сомонаи расмии бонк хабар медиҳад, ки дар он рӯз якбора 19 миллиону 50 ҳазор доллар фурӯхта шудааст.
Қурби расмии доллари ИМА аз сӯи Бонки миллии Қирғизистон 16 август 69,49 сом муқаррар шуд. Ин нишондод нисбати 15 август 0,35% зиёдтар аст.
Дар саррофиҳои хусусӣ як доллар 69,5 сом харидорӣ ва 69,65 сом фурӯхта мешавад.
Таҳримҳои нави ИМА, ки ҳафтаи гузашта нисбати Москва ҷорӣ шуданд, рубли русӣ, саҳмияҳо ва коғазҳои қимматноки Русияро беқурб карданд. Тангаи қазоқӣ ҳам дар пайи таҳримҳои ИМА беқурбтар шуд.
Русияву Қазоқистон яке аз шарикони асосии тиҷоратии Қирғизистон ҳастанд. Пеш аз ҳама тағйирёбии қурби асъор дар ин ду кишвар ба бозори асъори Қирғизистон таъсир мерасонад.