Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Бонкҳои Тоҷикистону Русия созишнома имзо карданд

Бонкҳои Тоҷикистону Русия созишнома имзо карданд

17-09-2021, 08:24
Хабарро хонданд: 105 нафар
Назарҳо: 0
Бонкҳои Тоҷикистону Русия созишнома имзо карданд
14 сентябр Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва муовини Раиси Бонки марказии Русия Руслан Вестеровский Созишнома дар бораи ҳамкории мутақобилаи Бонки марказии Русия ва Бонки миллии Тоҷикистон дар масъалаи муқовимат ба ҳамлаҳои компютериро имзо намуданд.

Дар оғози маросими имзои Созишнома, ки тариқи фосилавӣ баргузор гардид, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода аз ҳамкории пурсамари Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Русия тавсиф намуда, таъкид доштааст, ки Русия яке аз шарикони аслии Тоҷикистон дар бахши тиҷорату савдо, бонкдорӣ ва сармоягузорӣ ба шумор меравад:

“Имзои Созишнома дар бораи ҳамкории мутақобилаи Бонки марказии Федератсияи Русия ва Бонки миллии Тоҷикистон дар масъалаи муқовимат ба ҳамлаҳои компютерӣ иқдоми саривақтӣ ва зарурӣ ҷиҳати ҳимояи низоми бонкии ҳар ду кишвар аз хатарҳои иттилоотӣ буда, барои ташкили ҳамкории самаранок дар ин самт заминаи мусоид фароҳам меорад”, - иброз намудааст Раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Муовини Раиси Бонки марказии Русия Руслан Вестеровский зимни суханронии хеш аз равобити мустаҳкам ва мутақобилан судманди Бонки марказии Федератсияи Россия ва Бонки миллии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, таъкид дошт, ки имрӯз ин ду бонк дар аксар бахшҳо ҳамкории пурсамарро роҳандозӣ намудаанд ва ҳамгироии Низоми пардохтии “Корти миллӣ” ва НМКП “Мир”-ро намунаи барҷастаи ин ҳамкорӣ муаррифӣ намуд.

“Таҳия ва имзои Созишнома дар бораи ҳамкории мутақобилаи Бонки марказии Федератсияи Русия ва Бонки миллии Тоҷикистон дар масъалаи муқовимат ба ҳамлаҳои компютерӣ ба манфиати низоми бонкии ҳар ду кишвар буда, иқдоми саривақтӣ мебошад”, - зикр намуд муовини Раиси Бонки марказии Русия.

“Тақвияти амнияти иттилоотӣ, таҳияи стратегия оид ба мушаххассозии омилҳои ҳамлаҳои компютерӣ, муқовимат бо ҳамлаҳои компютерӣ ва бартараф намудани оқибатҳои он ба низомӣ бонкӣ аз муҳимтарин вазифаҳои бонкҳои марказии муосир ба ҳисоб меравад, ки Созишнома дар бораи ҳамкории мутақобилаи Бонки марказии Русия ва Бонки миллии Тоҷикистон дар масъалаи муқовимат ба ҳамлаҳои компютерӣ фаро гирифтааст”, - хабар доданд аз Бонки миллии Тоҷикистон.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намудаанд, ки имзои Созишнома дар бораи ҳамкории мутақобилаи Бонки марказии Русия ва Бонки миллии Тоҷикистон дар масъалаи муқовимат ба ҳамлаҳои компютерӣ дар оянда ҷиҳати табдили маълумот ва табодули таҷриба дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба ҳамлаҳои компютерӣ байни ду кишвар шароити мусоид фароҳам хоҳад овард.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: