ОЁ МЕДОНЕД?12-12-2022, 12:18
Хабарро хонданд: 253 нафар
Назарҳо: 0
(фактҳоиҷолиб дар бораи оламу одам) Оҳангсози барҷаста Бетховен аз ҳисоб тамоман бехабар буд. Ӯ на ҷамъ карда метавонисту не тарҳ. Ҳарчанд барои омӯхтани ҳисоб пианисти машҳурро талқин карда бошанд ҳам, вале вай то охири умр ҳисобу китобро азхуд карда натавонист. Ҷеймс Кэмеронкоргардони машҳури филмҳои “Титаник”, “Аватар” ва “ Терминатор”, барандаи чандин ҷоизаҳои синамо барои ноил шудан ба муввафақияти бештар филмномаи “Теминатор”-ро ҳамагӣ ба арзиши 1 доллар фурӯхта, инчунин коргардонии онро ба зимма гирифтааст. Ҳангоми мумиёкунии ҷисми Фиръавн Рамзиси IV аз Мисри Қадим чашмони вайро бо пиёзи муқаррарӣ иваз кардаанд. Дар он замон мисриёни қадим бовар доштанд, ки пиёз муқаддас асту ба кас умри ҷовидонӣ мебахшад. Дар Фаронса мавзее мавҷуд аст, ки пасмондаҳои фабрикаи шоколадбарории“Mars ва M&Ms”,, ба онҷо интиқол дода мешавад. Занбӯрпарварони наздикии ин мавзеъ мушоҳида намуданд, ки занбӯрҳои онҳо асали ранга, бештар сабзу кабуд истеҳсол мекунанд. Сабабаш истеъмоли шираи шоколадӣ аз мавзеъ будааст. Дар бораи биёбони Сахар албатта, бисёр шунидаем. Аммо шояд на ба ҳамагон маълум аст, ки фақат чор ҳиссаи ин биёбон регистон асту бас. Ақидаи он, ки биёбони мазкур калонтарин биёбони сайёра аст, нодуруст мебошад. Зеро биёбони калонтарини дунё ин- Антарктида аст. Ягона узве, ки баробари болоравии синну сол калон мешаванд, ин гӯшу бинӣ мебошад. Сагҳо зотан бӯйгирҳои хубанд, аммо шояд на ба ҳамагон маълум бошад, ки онҳо низ ҳамчун инсонҳо бӯйҳои хубу бадро фарқ мекунанд. Мушоҳидакорон хабар додаанд, ки сагҳо ҳангоми ҳис кардани бӯйҳои хуш хушҳол шуда, бештар дум меликондаанд. Мувофиқи хабари гуруҳи коршиносони Донишгоҳи Ҷон Хопкинси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамасола 250 000 ҳолатҳои фавт аз рӯи хатогиҳои табибон сар мезадааст. Аз қаърибаҳри Балтика шишаишампонеропайдо кардаанд, ки 170 солдорад.Мувофиқи хабари NewScientist,зарфҳоишампондорсолҳои 1800-ум аз Олмон ба Росия ба воситаи ин баҳринтиқолдодамешудааст. Машруботшиносон иттилоъ доданд, ки сарфи назар аз гузашти солҳо шампон таъми худро пурра аз даст надода, баракс, таъсираш қавитар гардидааст. Бори аввал аробачаи бачагонаро Уилям Кент соли 1733 барои фарзанди гертсог- Девонширски сохта буд, ки онро ҳайвоне ҳамчун бӯз кашида бурда метавонист. Қадимтарин чархи дунё зиёда аз 5000 солумрдорад. Онро соли 2002 тахминан аз 19 километри ҷануби Люблян, маркази Словени пайдо кардаанд. Чарх айни ҳол дар осорхонаи шаҳрӣ ҷойгир буда, барои ташхиси соли он аз муосиртарин технология истифода бурда шудааст. Дар Судон назар ба тамоми мамлакатҳои ҷаҳон аҳромҳо зиёдтаранд. Ҳатто вақте ки дар Миср 138 аҳром кашф карданд, Судон аллакай 255 аҳром дошт. Дарозии рагҳои хунгузар зиёда аз 96 500 километр дарозӣ дорад. Ин хабарро коршиносони Донишкадаи Франклин пешниҳод кардаанд. Қитъаи Африқо он қадар фаррох аст, ки чор ҳиссаи сайёраро фаро гирифтааст. Албатта, ин нукта шубҳанангез менамояд. Вале масоҳати он, ки 19 312 128 метри мураббаъро ташкил медиҳад, шубҳаҳоро барҳам мезанад. Аввалин филми тасвирӣ бо номи ”Эл-Апостол” соли 1920 дар Аргентина ба навор гирифта шуда, аз 58 000 расм иборат буд ва 70 дақиқа давом ёфтааст. Филмба китоби “Рекордҳои Гиннес”, шомил шуда, ҷабҳаи сиёсӣ доштааст. Баъдтар соли 1935 аз тарафи кормандонистудияи филмҳоитасвирии “Уолта Дисней”филми тасвирии “ Барфак ва ҳафт пакана”-(Белоснежка и семь гномов) наворбардорӣмешавад. Барои тай кардани роҳи оҳани магистрали Сибир мебояд ҳафт рӯзро сипарӣ кард ва 3901 пулро убур кард. Ин роҳи оҳан на танҳо дар минтақаи Росия, балки дар тамоми дунё дарозтарин арзёбӣ мегардад. Маҷаллаи бонуфӯзи олам “Discover”, иттилоъ медиҳад, ки дар дохили замин 99 фоиз тилло мавҷуд аст ва ин барои 45, 7 см пӯшонидани рӯи замин бо тилло кифоят мекунад. Дар мактаб ба мо меомӯзанд, ки 71 фоизи рӯи Заминро об пӯшонидааст. Аммо мо ҳамагӣ 0,007 фоиз аз ин обҳоро истифода мебарему халос. Сабаб дар он аст, ки 2,5 фоизи обҳои замин дастнорас буда, танҳо 1 фоизаш дастрас аст. Боқимонда ҳамагӣ пиряхҳову майдонҳои барфӣ мебошанд. Аврупоиҳо вақте бори аввал помидорро диданд, аз истеъмоли он метарсиданд.Тухми помидор аввалин бор соли 1519 аз тарафи Эрнан Кортес ба Аврупо оварда шуд ва парвариши онро ҳамчун буттаи ороиши дар боғҳо истифода мекарданд. Истеъмоли помидор аз соли 1700-ум оғоз шуд, вале ҳанӯз ҳам одамон аз истеъмоли он дар дил тарс доштанд. Одамон ягона мавҷудоти хобмедидагӣ нестанд. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки мушҳо низ хоб медиданд ва пас аз ин тадқиқот коршиносон ба хулосае омаданд, ки тамоми ҳайвоноти олам метавонанд хоб бинанд. Дар китоби тиббии Натан Белофски “Тибби аҷиб”- “Странная медицина”, ки ба Мисри Қадим таалуқ дорад, омадааст: дар Мисри Қадим одамон барои раҳоӣ ёфтан аз дарди дандон ба даҳон муши мурдаро меандохтаанд. Инчунин дар замонҳои пеш муш дар Англия барои бартараф кардани озахҳои пӯст истифода мешудааст. Дар бозиҳои Олимпӣ баъзе одамон дар ҷаҳиш аз аспҳо ҳам, гузаронидаанд. Чунончӣ, соли 1991 Майк Пауэл ба масофаи 8, 95 см ҷаҳид, ки ин аз аспе бо номи Extra Dry, ки соли 1900 ба масофаи 6,10 метр ҷаҳида, рекорд гузошт, зиёдтар аст. Таҳияи Наргиси Муродалӣ
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.