Империяи дарозумртарин ва мероси воло13-06-2017, 09:23
Хабарро хонданд: 543 нафар
Назарҳо: 0
Империяи дарозумртарин дар таърих Мисри Қадим маҳсуб мегардад. Ин империя 3000 сол-зиёдтар аз ҳама абарқудратҳо пойдор буд. Аллакай қариби соли 3100 то милод ду шоҳигарии бузург бунёд гардиданд-Мисри Поёнӣ (воҳаи шохоби Нил) ва Мисри Болоӣ (води дарёи Нил аз шохоб то Элефантина). Баъди муттаҳидсозии онҳо (наздики соли 2640 то милод) давлати наве бо номи Шоҳигарии Қадима рӯйи кор омад. Таърихи Миср ба ду давра ҷудо карда мешавад. Давраи аввал-аз замони асос ёфтан то соли 332 то милод, замоне, ки кишварро Искандари Мақдунӣ забт кард. Давраи дуввум-ҳукмронии сулолаи Птолемейҳо (ворисони яке аз сарлашкарони Искандари Мақдунӣ) аст. Ин кишвари қадима ҳамчунин тобеи аҷдодони бузурги мо ҳам буд-шоҳаншоҳи бузург Камбизи Ҳахоманишӣ соли 525 то милод онро фатҳ кард ва унвони «Зуҳури Худоён-Ра, Осирис»-ро соҳиб гашту фиръавн эълон гардид. Баъдан боз чанд фиръавни форс дар салтанати Миср қарор доштанд. Дар натиҷаи ҷангҳои Эрону Византия солҳои 602-622 Сосониён Левант, Анатолия ва Мисрро ба даст оварданд. Соли 30 то милод Миср аз ҷониби империяи ҷавон-Рим забт карда шуд. Миср ба инсоният тамаддуни воло ва асрорангезро тақдим намудааст. Тайи ҳукмронии бисёрқарнаи аҷнабиён, азҷумла ҳукуматҳои исломӣ ин ганҷи бебаҳо нуҳуфта буд, танҳо ғоратгарони дур аз фарҳанг мақбараҳои фиръавнҳоро ғорат мекарданд. Омӯзиши ҷиддии Миср оғози қарни 19 баъд аз забти кишвар аз ҷониби императори Фаронса Бонапарт Луи Наполеон оғоз гардид, ки бо худ як қатор олимону муҳаққиқони варзидаро оварда буд. Азҷумла, олими маъруф Жан-Франсуа Шамполйон барои хондани иероглифҳои қадима хидмати бузург баҳри илм кардааст. Аҷиб аст, ки ҳангоми ҷанги Мисру Исроил соли 1956 вақти озод намудани нимҷазираи Сино тамоми мағозаву нуқтаҳои англисҳову фаронсавиҳо (Британияи Кабир ва Фаронса дар ҷанг ширкат доштанд) аз ҷониби мисриён ғорату хароб карда шуданд, аммо ба муҷассамаи Шамполйон осебе нарасид-иззати олими барҷаста назди ворисони империяи қадима баланд буду ҳаст. Бо шунидани номи ин кишвари куҳан пеши назар яке аз «7 мӯъҷизаи олам»-аҳромҳо ҷилвагар мешаванд. Шумораи онҳо тибқи маълумоти соли 2008 аз 118 то 138 нишон дода шудааст. Куҳантарин аҳром мақбараи фиръавн Ҷосер маҳсуб мегардад, ки аз ҷониби меъмор Имхотеп дар давраи солҳои 2667-2648 то милод сохта шудааст. Аҳроми бузургтарин дар шаҳри Гиза (наздики Қоҳира) воқеъ гардидааст, ки аз ҷониби фиръавн Хуфу (Хеопс. Солҳои ҳукмронӣ-тақрибан 2551-2528 то милод) бунёд шудааст. Баландии Аҳроми Бузург 137 метр (баландии пешина-146,6 м.) дарозии ҳар тарафи он аз асосаш 230,38 метр аст. Аҳром аз 2,34 миллион метрии кубӣ блокҳои сангӣ сохта шудааст. Тибқи навиштаи Ҳеродот, дар сохтмони ин иншооти беназир 100 ҳазор коргар дар давоми 20 сол заҳмат кашидаанд. Тавассути василаҳои чӯбин сангҳои вазнаш то 5 тоннаро ба ҷои лозимӣ мерасониданд. Ин сангҳо ончунон моҳирона коркард карда шуда буданд, ки фосила миёни онҳо аз 0,5 мм зиёд нест. Дар рӯихати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО 7 иншооти таърихии Миср дохил карда шудааст. 6-тои он аз лиҳози фарҳангӣ ва 1 аз нигоҳи арзиши табиӣ дар қайди ин ташкилоти бонуфуз дохил шудаанд. Ғайр аз ин, соли равон боз 33 иншооти таърихиву табиии ҳудуди кишвар номзад ба ворид шудан ба рӯихати мероси ЮНЕСКО қарор дорад. Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.