Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таърихи пайдоиши пул

Таърихи пайдоиши пул

8-04-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 351 нафар
Назарҳо: 0
Таърихи пайдоиши пул
Айни ҳол ҷомеаи муосирро бидуни пул тасаввур кардан гайриимкон аст.Ҷомеаи муосир ба пул вобастагии калон дорад. Аммо мафҳуми пул ва таърихи пайдоишашро на ҳар кас медонад. Ин ҷо мехоҳем аз таърихи пайдоиши пул ба шумо маълумот диҳем.

Мо пулро ҳамеша истифода мебарем, вале чӣ маъно доштанашро намедонем. Пас пул чист?

Дар луғат пул ба маънои моли мушаххас маънидод карда шудааст, ки метавонад бо маҳсулоте иваз гардад.

Дар замонҳои қадим одамон молҳоро намехариданд, балки иваз мекарданд. Мубодила раванди асосии тиҷоратӣ дар муносибатҳои тиҷоратии халқиятҳои ҷаҳон ба ҳисоб мерафт.

Мубодилаи маҳсулот ва мол дар баъзе ҳолатҳо хеле душвор буд, зеро ҳар яке аз моликон молашонро арзон додан намехостанд ва аз ин лиҳоз дар байни онҳо нофаҳмиҳо сар мезад. Ҳалли ин мушкилотро пайдо намудан лозим меомад ва аввалин мубодилаи асъор пайдо гардид. Ба ин асъор ғалладона ва чорпоён дохил мешуданд, зеро ин маводҳои зарурии ҳамарӯза ба ҳисоб мерафтанд.

Ҷиҳати манфии асъори мазкур дар он буд, ки миқдори онҳо аз ҳосили солона ва шумораи чорво вобастагӣ дошт. Аз ин рӯ чунин система баъди чанд муддати мавҷудияташ аз байн рафт.

Таърихи пайдоиши аввалин пулҳои фулузӣ

Пайдоиши аввалин сиккаҳои тиллоӣ дар Аврупои Қадим ба солҳои 687-и пеш аз мелод рост меояд ва аввалин маротиба дар Ливия сиккаҳои тиллоӣ сохта шуда ба муомилот бароварда шуданд. Тақрибан пас аз ним аср дар тамоми Аврупо тангаҳо паҳн гардиданд.
Вале таърихшиносон мегӯянд, ки пеш аз Аврупо бори нахуст пулҳои фулузӣ дар Чини қадим пайдо шудаанд. Онҳо аз фулуз муназзам шуда буданд. Ин тарзи муназзамкунӣ дар Чин то асрҳои ХХ-и мелодӣ идома ёфтаанд ва ҳоло низ чунин навъи сиккаҳоро пайдо кардан мумкин аст. Ин тангаҳо айни ҳол ҳамчун таъвиз барои афзун гардидани пул истифода мешаванд.

Таърихи пайдоиши пули коғазӣ

Аввалин пули когазӣ низ дар Чин пайдо шудааст. Соли 800-и пеш аз мелод дар Чин коғаз ихтироъ шуд ва ин боиси пайдо шудани пули қогазӣ гардид. Яке аз сабабҳои асосии пайдоиши пули коғазӣ дар он буд, ки аз лиҳози вазнин будани пулҳои фулузӣ одамон онҳоро бо худ бурда наметавонистанд. Бо фармони шоҳ пули коғазӣ ихтироъ мегардад ва онро «Пули паррон» номгузорӣ мекунанд.

Алҳол дар тамоми дунё пули қоғазӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.

Анора Ахмедова, манбаъ: Сомонаи «Tvoya life»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: