Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » «Рутени-106» дар ҳавои Аврупо

«Рутени-106» дар ҳавои Аврупо

5-12-2017, 11:28
Хабарро хонданд: 211 нафар
Назарҳо: 0
«Рутени-106» дар ҳавои Аврупо

Таи ду моҳи охир дар тамоми расонаҳои хабарии ҷаҳонӣ – нашрияҳо, радиову телевизион, сомонаҳои интернетӣ дар мавриди паҳн гардидани маводи радиоактивии «Рутени-106» дар ҳавои Россия ва чанд мамлакати Аврупо хабару мақолаҳои баҳснок пешкаш шуда истодаанд.
Чанд рӯз пештар расонаи хабарии «РИА-Новости»-и Русия хабар дод, ки дар ҳавои қисме аз шаҳру навоҳии Россия паҳн гаштани партовҳои радиоактивӣ мушоҳида гардидааст ва ин зумрае аз мамлакатҳои хориҷиро ба таҳлука овардааст.
Аз маркази Ростгидромет иттилоъ додаанд, ки охири моҳи сентябр ва аввали моҳи октябри соли ҷорӣ дар музофоти Урали ҷанубӣ паҳн гаштани маводи кимёии радиоактивии «Рутени-106»-ро мушоҳида намуданд. Маводи кимёии радиоактивӣ «Рутени-106», ки ҳамбастагӣ бо уран дорад ва ҳамчун маводи атомӣ дониста мешавад, барои одамӣ ва набоботу ҳайвонот таъсири марговар дорад.
Кормандони донишкадаи бехатарии атомии ва радиатсионии Фаронса (IRSN) эълон доштаанд, ки дар осмони Аврупо абрҳои радиактивии «Рутени 106»-ро мушоҳида намуданд ва сарчашмаи онро тахмин ба садама гирифтор шудани яке корхонаҳои Россия ва ё Қазоқистон медонанд.
Аз Росгидромет хабар доданд, ки тақрибан 50-70 километр дуртар аз Челябинск, дар дидбонгоҳҳои Аргаяш ва Новогорний, аз 26-ум сентябр то 1-уми октябр заҳролудшавии хатарноки маводи атомии «Рутени-106»-ро мушоҳида намуданд. Инчунин заҳролудшавии ҳаворо дар Тотористон, шаҳри Бугулма, дар Волгоград, вилояти Ростов шаҳрҳои Морозовск ва Симлянск мушоҳида карданд.
Кормандони донишкадаи бехатарии ядроӣ ва радиатсионии Фаронса (IRSN) чунин пешгӯи мекунанд, ки садамаи мазкур шояд аз иншооте руй додааст, ки ба хосил ва ё коркард кардани маводи ядроӣ мутааллиқ аст. Дар ин бора ақидаи дигаре низ вуҷуд дорад, ки шояд ҳодисаи рухдода ба садама гирифтор шудани реактори корхонаи атомӣ бошад.
Чунин корхона дар вилояти Челябинск, комбинати истеҳсолии «Маяк» мебошад, ки он ба тайёр кардани лавозимоти махсуси ҳарбӣ, нест кардани партовҳои ядроӣ ва аз нав коркард намудани онҳо машғул аст. Комбинати мазкур соли 1948 бино шуда, то ҳанӯз ҳамчун иншооти махфӣ дониста мешавад ва дар шаҳри собиқ Кишина, ҳозира Озерески вилояти Челябинск ҷойгир шудааст. Комбинати мазкур партовҳои радиактивиро аз нав коркард карда ба истеҳсолот мефиристад ва неругоҳҳои барқии атомии Колский, Нововоронежский ва Белоярскийро бо маводи сӯзишвории атомӣ таъмин менамояд.
Надежда Кутепова собиқ роҳбари маркази экологии шаҳри Озерески вилояти Челябинск дар Facebook навиштааст, ки сарчашмаи заҳролудшавии ҳаво комбинати истеҳсолии «Маяк» мебошад.
Дарвоқеъ соли 2015 Маяк бо комбинати сохтмони шаҳри Озереск барои сохтани танӯраҳои махсус барои корхона шартнома баста буд. Соли 2016 сохтмони танӯра ба итмом расид ва ҳангоми санҷиш дар он нуқсонҳои зиёде ба назар расид, аммо камбудии ҷойдошта мавриди назар қарор нагирифт ва ин танӯра дар корхона васл карда шуд. Бояд тазаккур дод, ки маҳз дар ҳамин печ маҳлули маводи сӯзишвории атомӣ тайёр карда мешавад ва ба садама гирифтор шудани он аз эҳтимолият дур нест. Вале роҳбарияти «Маяк» чунин ақида доранд, ки маводи кимёвии радиоактивии «Рутени-106» дар атмосфера ҳолате паҳн мешавад, ки дар реактори атомӣ сурохие пайдо шавад ва герметикаи он халалдор гардад. Аммо дар тӯли як соли сипаригардида, дар «Маяк» ягон садамае рух надодааст. Умуман байни донандагони соҳа дар бораи паҳн шудани маводи кимёвии радиактивии «Рутени-106» андешаҳо мухталифанд. Масалан омӯзгори Донишгоҳи экологии Челябинск Андрей Талевлин ба нашрияи «Знак» иброз намуд, ки садамаи мазкур ба корхонаи «Маяк» тааллуқ надорад, балки солҳои 80-уми асри гузашта дар комбинати металургии шаҳри Челбинск маҳсулоти электрикие тайёр мекарданд, ки дорои маводи радиоактивӣ буданд ва имрӯз онҳо кӯҳнаву фарсуда шуда ба мардум зарар оварда истодаанд.

Хатари «Рутен-106»

Раҳбари Ростгидромет Максим Яковленко иқрор шуд, ки охир моҳи сентябр дастгоҳҳои санҷишии радиатсия нишон доданд, ки дар ҳавои шаҳр маводи кимёвии радиоактивии «Рутени-106» паҳн гардидааст ва олудашавии он ба ҳаво ниҳоят паст буда, ба инсон зарар намеорад.
Мувофиқи санҷишҳои пешина, маводи радиактиии «Рутени-106» дар дастгоҳҳои санҷишӣ агар он шкалаи аз 1 то 5 –ро нишон диҳад, пас он ба инсон зарар намерасонад ва агар аз 5 боло шавад он гоҳ ба саломатии одам хатарнок аст. Аммо ин ҷо ҳолати дигареро бояд ба инобат гирифт. Сарааввал дар мавзейи садама рух дода, ҳатман таъсири радиатсия аз муқаррароти мавҷуда зиёд мешавад ва ба саломатии инсон ҳатто ба ҷони ӯ исноду зарар меорад.
Мувофиқи нишондоди олимони донишкадаи фаронсавии IRSN радиатсия дар наздикии садама аз 100 то 300 терабеккерел мавҷи радиактивӣ паҳн мегардад, ки ин барои мавҷудоти зинда ниҳоят хатарнок аст. Дар ин ҳолат бояд одамон дар масофаи даҳҳокилометр аз маркази садама кӯчонида шаванд. Инчунин иддае аз олимони тиб дар ақидаи онанд, ки камтарин нурҳои радиоактивии маводи кимёвии «Рутен-106» метавонад дар бадани инсон барангезандаи чандин бемориҳо шавад.

Чаро абри «Рутен-106» дар Аврупо ба назар расид?

Паҳншавии «Рутени-106» аз 25-уми сентяб то 6-уми октябр бештар дар қисмати ғарбии Сибир, дар қисмати ҷанубии Урал ва Предкавказия ба назар расид ва ин бод ба воситаи баҳри Миёназамин ба Аврупо ворид шудааст.
Сарвари Ростгидромета Максим Яковенко ба расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод, ки сабабҳои паҳншавии боди радиактивии «Рутен-106» метавонанд дигар сарчашмаҳо бошанд. Ба Росатом МАГАТЕ хабар дод, ки дар ин рӯзҳои дар боло зикр гардида консентратсияи «Рутен-106» дар Руминия 145 ҳазор микробеккерел, дар Итолиё 54,3 ҳазор микробеккерел, дар Украина ва Словения 40 ҳазор микробеккерелро дар кубометр нишон додааст.
Ҳайратовараш он аст, ки ҳавои радиатсия бояд ҳатман аз болои Қрим мегузашт, аммо ҳангоми санҷиши атмосфера ин маводи кимиёвӣ тамоман мушоҳида нагардид. Президенти «АтомИнфо-центр» ва сармуҳаррири сомонаи AtomInfo.ru Александр Уваров ба «Правда.ру», иттилоъ дод, ки таҳрики интиқодие, ки имрӯз нисбат ба паҳн шудан ва вайрон намудани атмосфера дар атрофи маводи кимиёии радиоактивии «Рутени-106» пайдо гардидааст комилан нодуруст ва ғалат аст. Атмосфера аз ин мавод он қадаре заҳролуд шудааст, ки ба саломатии инсон 1 фоиз ҳам зарар расонида наметавонад.
Дар мавриди дигар агар ин маъниро ба назари таҳлил нигарем мазмуне фарогирии масъалаи баррасӣ шуда мегардад, ки гӯё фоизи ками таъсири радиатсия ба одам зараре намеорад, аммо заҳрро андакаш ҳам заҳр аст.
Дар ҷойи дигар ҳангомахои паҳншавии маводи радиоактивии «Рутени- 106», дар ҳавои Аврупо бахусус дар Фаронса, эҳтимолияти зиддияти тиҷоратиро (конкуренсия) дорад.
Зеро дар Фаронса чун комбинати истеҳсолии «Маяк» корхонае амал мекунад, ки ба коркарди партовҳои атомӣ машғул аст. Аз ин мазмун бармеояд, ки «дар таги коса нимкосае ҳаст».

Хотима
Мавриди зикр аст, ки асри 21 асри пешрафти илму техника ва дастовардҳои олии инсонӣ аст. Дар ниммаи аввли ин аср, одамон фатҳгари қуллаҳои аз ҳама баланди ихтироот, кашфиёт ва муомилот гардиданд. Бале ва имрӯз маводи атомӣ васеъ дар истеҳсолот, неругоҳҳои барқӣ, нақлёту коинот истифода бурда мешавад.
Дар тули солҳо мо борҳо шоҳиди он гардидаем, ки гуруҳе аз корҳонаҳои атомӣ ба садама гирифтор шуда, садҳо нафар одамонро ба коми марг кашиданд. Нахустин маротиба дар давлати Шӯравӣ 29-уми сентябри 1957 дар корхонаи „Маяк“ садама руй дода буд, ки он ба ҳазорон нафар сокинон зарари сахти ҷисмонӣ расонда буд. Баъдан 26-уми апрели соли 1986 дар Неругоҳи барқии атомии Чернобыл садама руй дод, ки садҳо нафар одамон ҳалок гардиданд ва то ҳанӯз аз оқибатҳои он одамон фавтида истодаанд. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки новобаста ба манфиаташ маводи радиоактивӣ хатарноктарин офарида барои инсон аст.
Аз ин рӯ давлатҳои абарқудрате, ки дорои маводи атомианд мебояд барои эмин ва сиҳату саломат нигоҳ доштани ҷомеаи ҷаҳонӣ онро аз садамаҳои хурду бузург эҳтиёт намоянд.
Тағоймуроди Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: