Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар айни замон ду барномаи давлатии соҳавӣ, аз ҷумла «Барномаи рушди пахши телевизиони рақамӣ барои солҳои 2020-2024» ва «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»-ро татбиқ менамояд.
Ӯ гуфт, ки баъди иҷрои марҳилаи дуюми «Барномаи рушди пахши телевизиони рақамӣ барои солҳои 2020-2024» сатҳи фарогирӣ ба пахши рақамӣ дар мамлакат ба 78,7 фоиз ва то анҷоми пурраи барнома ба 100 фоиз расонида мешавад.
- Дар айни замон сатҳи фарогирӣ дар пахши аналогӣ дар «Телевизиони Тоҷикистон» 99,72 фоиз, «Телевизиони Сафина» — 92,70 фоиз, «Баҳористон» — 89,01 фоиз ва «Ҷаҳоннамо»- 78,96 фоизро ташкил мекунад. Фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои давлатии радио дар мавҷи FМ «Радиои Тоҷикистон» 88,60 фоиз, «Овози тоҷик» — 57,90 фоиз, «Садои Душанбе» — 65,80 фоиз ва «Фарҳанг»- 59,87 фоиз мебошад. То охири сол дар доираи татбиқи марҳилаи дуюми «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони анологӣ дар мамлакат барои солҳои 2020-2024» ҳаҷми фарогирӣ ба 80 фоиз расонида хоҳад шуд, - гуфт Н.Саид.
Қурбон АҲМАДЗОДА