Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Садои занон ва пахши мусиқӣ дар телевизион ва радиои Қандаҳор манъ шуд

Садои занон ва пахши мусиқӣ дар телевизион ва радиои Қандаҳор манъ шуд

31-08-2021, 07:34
Хабарро хонданд: 130 нафар
Назарҳо: 0
Садои занон ва пахши мусиқӣ дар  телевизион ва радиои Қандаҳор манъ шуд

Мувофиқ ба нишондоди расонаҳои хабарии Афғонистон, гурӯҳи Толибон* бо пахши як баёния ба телевизион ва радио дар вилояти Қандаҳор дар ҷануби кишвар талаб кардааст, ки дигар мусиқӣ ва садои овозхонҳои зан дар телевизион ва радио пахш нашаванд
Вазорати иттилоот ва фарҳанги вилояти Қандаҳор рӯзи якшанбеи 29 август тасдиқ кард, ки Толибон тибқи як фармони нав мусиқӣ ва ҳатто барномаҳои занонро манъ кардаанд.

Қаблан сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ба New York Times гуфта буд, ки мусиқӣ дар ислом мамнӯъ аст, аммо изҳори умедворӣ кард, ки ба ҷои фишор овардан ба шаҳрвандон онҳоро водор хоҳад кард, то аз мусиқӣ даст кашанд.

Дар ҳамин ҳол, аъзои Толибон* рӯзи шанбе (28 август) дар ноҳияи Андроби вилояти Бағлон ҳунарманди маҳаллӣ Фавад Андарабиро паррондаанд. Гуфта мешавад, ки ӯ аввал аз ҷониби ҷангиёни Толибон* асир гирифта, сипас ба қатл расонида шудааст.

Ҳамчунин толибон* чанде пеш яке аз ҳаҷвнигорони вилоят Хоша Ҷавонро пас аз тасарруфи шаҳри Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон ба қатл расонданд, ки вокунишҳои густардаеро дар Афғонистон ба вуҷуд овард.

Маҳдуд кардани пахши расонаҳо дар вилояти Қандаҳор бори дигар хотирахои солҳои 1996 то 2001 -ро барои шаҳрвандони Афғонистон зинда кард. Он замон Толибон* занонро аз гӯш кардани мусиқӣ ва кор манъ карда буданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: