Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳайати эҷодии барномаи «Поедем, поедим!»-и «НТВ»-и Россия ба Тоҷикистон омад

Ҳайати эҷодии барномаи «Поедем, поедим!»-и «НТВ»-и Россия ба Тоҷикистон омад

21-04-2021, 09:34
Хабарро хонданд: 148 нафар
Назарҳо: 0
Ҳайати эҷодии барномаи «Поедем, поедим!»-и «НТВ»-и Россия ба Тоҷикистон омадБо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати эҷодии барномаи маъруфи шабакаи телевизиони «НТВ»-и Россия «Поедем, поедим!» ба Тоҷикистон ташриф овард, иттилоъ медиҳад Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Сафари ҳайати эҷодӣ дар кишвари мо аз 20 то 24 апрели соли равон идома меёбад. Тибқи барномаи тарҳрезишуда зимни сафар ҳайати эҷодии барнома аз имкониятҳои сайёҳии шаҳрҳои Душанбе, Норак, Ҳисор ва ноҳияи Варзоб аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, тарзи омода намудани таомҳои миллиро ба навор мегиранд.

Барномаи «Поедем, поедим!» лоиҳаи маърифатӣ-таблиғотӣ буда, дар қаламрави Россия ва соири кишварҳои ҷаҳон беш аз 200 маротиба пахш гардида, зиёда аз 30 миллион тамошобин дорад. Тавассути барнома фарҳангу тамаддун ва имкониятҳои сайёҳии кишварҳои дунё муаррифӣ мегарданд.

Ҳаводорон ва тамошобинони барномаи «Поедем,поедим!» имконият доранд, ки намоишро доир ба Тоҷикистон тариқи шабакаи НТВ тамошо намоянд. Ҳамзамон, барнома тавассути шабакаҳои иҷтимоии «Ютуб», «Фейсбук», «Инстаграм» ва дигар порталҳои таблиғотӣ дастрас мегардад.

Ҳайати эҷодии барномаи барномаи маъруфи шабакаи телевизиони «НТВ»-и Россия «Поедем, поедим!» бори дувум аст, ки аз Тоҷикистон боздид менамоянд. Сафари қаблии ҳайати эҷодии барнома аз 1 то 5 октябри соли 2018 сурат гирифта буд. Пахши барномаҳои тарғиботӣ аз ҷониби шабакаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баҳри муаррифии зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: