Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизиони давлатӣ фаъол мешавад

Дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизиони давлатӣ фаъол мешавад

9-02-2022, 08:19
Хабарро хонданд: 126 нафар
Назарҳо: 0
Дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизиони давлатӣ фаъол мешавад
ДУШАНБЕ, Нуриддини Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон гуфт, корҳо барои фаъолсозии шабакаи телевизионии "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" дар марҳилаи анҷомёбист.
Раиси Кумитаи телевизион зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, барои шабакаи ҷадид дастгоҳҳои муосири дорои дақиқияти баланд ворид гардида, ҳукумат аллакай дафтари кориро ба телевизиони ҷадид фароҳам кардаст.
Ба иттилои манбаъ, телевзизиони ҷадид дар бинои сеошёнаи пешини Пажуҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии Вазорати саноату технологияҳои ҷадид дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе ҷой мегирад.
Нуриддин Саид аз нақшаи кӯчондани манора ва идораи телевизионҳои Тоҷикистон гуфт
Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки то ҷашни Наврӯз дар ҷумҳурӣ шабакаи "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" пурра фаъол хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки соли 2021 дар Тоҷикистон ду шабакаи давлатии нави телевизионӣ - "Илм ва табиат" ва "Шаҳнавоз" ифтитоҳ гардиданд.
Ба иттилои кумита, феълан дар ҷумҳурӣ 96 шабакаи давлатию хусусии телевизион ва студияҳои тавлиди маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият доранд, ки 14 шабакаи телевизионӣ давлатӣ мебошанд.
Таъкид шудаст, ки инчунин дар кишвар 18 телевизиони хусусӣ, 14 телевизиони ноқилӣ, 22 радиои хусусӣ, 10 радиои давлаӣ ва 14 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудивизиулӣ фаъолият доранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: