Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ХАТМКУНАНДАГОН БО КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ХАТМКУНАНДАГОН БО КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

5-08-2022, 11:36
Хабарро хонданд: 1581 нафар
Назарҳо: 0
ХАТМКУНАНДАГОН БО КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНДДиректори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Ломоносов дар шаҳри Душанбе Рустам Ғаниев зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шашмоҳаи аввали соли 2022 ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки тибқи таҳлилҳо, зиёда аз нисфи хатмкунандагони филиали донишгоҳи мазкур муваффақона бо кор таъмин мешаванд.
Директори иҷроия иброз дошт, ки бо кор таъмин намудани хатмкунандагон пас аз таҳсил на танҳо барои донишҷӯён, балки барои ҳар муассисае, ки хатмкунандагони он соҳиби диплом гардидаанд, яке аз самтҳои муҳим маҳсуб мешавад. Фаъолият дар самти бо кор таъминкунӣ ва самтгирии касбии хатмкунандагон аз ҷониби мудири таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон, мутахассисони шуъбаи таъмини методии раванди таълим ва мониторинги сифати таҳсилот ва шуъбаи илм, инноватсия, муносибатҳои байналхалқӣ ва таъбу нашр, инчунин, мудирони кафедраҳо амалӣ карда мешавад.
- Донишҷӯёни филиал аз рӯйи шаш равия: математикаи амалӣ ва информатика, химия, физика ва механикаи мавод, геология, идоракунии давлатӣ ва мунисипалӣ, муносибатҳои байналхалқӣ ва лингвистика» таълим мегиранд, - гуфт Р.Ғаниев.
Зикр гардид, ки ҳамаи барномаҳои таълимии зикргардида аз аккредитатсия гузашта, ташхиси мазмун ва сифати омодагии таҳсилгирандагон тибқи шаш барномаи таълимӣ (дараҷаи бакалавриат) анҷом дода шудааст.
Қурбон АҲМАДЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: