Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Мусобиқаи мини-футбол дар МГУ

Мусобиқаи мини-футбол дар МГУ

27-05-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 189 нафар
Назарҳо: 0
Мусобиқаи мини-футбол дар МГУДар майдончаи варзишии бинои таълимии Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов воқеъ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонон, Ваҳдати миллӣ ва 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии фарҳангию сиёсӣ таҳти унвони «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат ва ҳомиёни дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар маҳфил инчунин аз кушода шудани чемпианати мини- футбол байни донишҷӯёни филиал хабар доданд. Чорабиниро ноиби директори иҷроия оид ба илм, тарбия ва масъалаҳои иҷтимоӣ, номзади илмҳои физика ва математика Холиқназар Кучакшоев ифтитоҳ намуд. Ӯ зикр кард, ки кушодашавии чемпионати мини-футбол дар байни донишҷӯёни филиал, ин пайравӣ аз гуфтаҳои Пешвои Миллат аст, ки ҳамеша дар суханрониҳояш бо ҷавонон ишораи хосе мекунанд. Зикр шуд, ки дар қалби ҷавонони шуҷои мо сол то сол ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ баланд мешавад ва иштироки онҳо дар корҳои ҷамъиятву сиёсӣ ва паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти кишвар, аз садоқати онҳо ба ватану давлат дарак медиҳад. Ҳамин тавр ҳамаи ҷавононро, ки дар ин маҳфили фарҳангию сиёсӣ иштирок доштанд, ба муносибати Рӯзи ҷавонон шодбош гуфта, дар пешравии минбаъдаи кору фаъолияташон мувафаққиятро таманно карданд.
Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: