Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » 30 НАФАР ДОНИШҶӮ ИХТИЁРАН БА САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ САФАРБАР ГАРДИДАНД

30 НАФАР ДОНИШҶӮ ИХТИЁРАН БА САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ САФАРБАР ГАРДИДАНД

1-08-2022, 12:06
Хабарро хонданд: 71 нафар
Назарҳо: 0
Бахтиёр Маҳмадалӣ ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар ҷараёни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки иҷозатнома барои таълими ихтисосҳои нав барои солҳои таҳсили 2022-2023: «Технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ, мавод ва маҳсулот», «Технология ва таҷҳизоти заргарӣ», «Кадастри замин», «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (энергетика)», «Баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар саноат», «Воситаҳои техникии назорат ва ҳисоби истифодаи энергия», «Электроникаи техникаи автомобилӣ», «Зеҳни сунъӣ», «Гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ», «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (саноати химия)», «Экологияи саноат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ», «Иқтисодиёти таҳлилӣ» ва «Хизматрасонии автомобилӣ» ба даст оварда шуда, имсол Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи онҳо довталабонро ба донишкада қабул намуд.
Зикр гардид, ки ҳамзамон, 135 нафар хатмкардагони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар 3 давра бо назардошти супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ва ҳимояи рисолаи хатм барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин 30 нафар донишҷӯ дар доираи курсҳои 1- 4 ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ сафарбар гардиданд.
Бахтиёр Маҳмадалӣ иброз намуд, ки соли равон зинаи бакалаври таҳсилоти рӯзонаро 496 нафар, аз ҷумла 236 нафар ба тарзи таҳсили буҷавӣ, 477 нафар ба тарзи таҳсили шартномавӣ, 2 нафар дар асоси Квотаи президентӣ хатм намуда, дар зинаи бакалаври таҳсилоти фосилавӣ 223 нафар ва дар зинаи магистратура 21 нафар, 3 нафар ба тарзи таҳсилоти буҷавӣ, 18 нафар ба тарзи таҳсили шартномавӣ донишкадаро хатм намуданд.
Қурбон АҲМАДЗОДА
30 НАФАР ДОНИШҶӮ ИХТИЁРАН БА САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ САФАРБАР ГАРДИДАНД
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: