Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Одиназода Ҳ: Мушкилоти ба ҷойи кор таъмини кардани донишҷўён

Одиназода Ҳ: Мушкилоти ба ҷойи кор таъмини кардани донишҷўён

18-07-2019, 09:37
Хабарро хонданд: 286 нафар
Назарҳо: 0
Одиназода Ҳ: Мушкилоти ба ҷойи кор таъмини кардани донишҷўёнҲайдар Одиназода, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ вобаста ба ҷойи кор таъмин накардани донишҷўён баъд аз хатми донишгоҳ изҳори нигаронӣ кард.
Мавсуф 12 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ ёдовар шуд, ки соли хониши 2018-2019 донишгоҳро 1493 нафар хатм намуданд. Аз шумораи умумии донишҷўёни хатмкарда ба 22 нафар дипломи аъло дода шуд, ки аз онҳо 18 нафар бакалаври техника ва технология, 1 нафар мутахассиси таҳсилоти дуюми олии касбӣ ва 3 нафар магистрон мебошанд.
- Хатми бомуваффақияти донишҷўён натиҷагирӣ аз заҳмати чорсолаи донишгоҳ аст. Аммо барои донишҷўёни таҳсили буҷавӣ гоҳо мушкилоти таъмин шудан ба ҷойи кор ба миён меояд. Нисбат ба ин масъала ҳатто аз Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони донишгоҳ мактуби расмӣ омадааст ва таъмини хатмкардагони буҷавӣ бо ҷойи кор рад карда шудааст. Боиси ташвиш аст, ки мавзўи мазкур ба донишҷўёни тариқи Квота хатмкарда низ таалуқ дорад. Давоми 5 соли охир барои 54 нафар тариқи квота хатмкардагон мактуби раддияи Ҳукумати ноҳия ба донишгоҳ ворид шудааст, ки аз инҳо 18 мактуб ба соли 2018 рост меояд, ки ташвишовар аст,-афзуд бо нигаронӣ ректори Донишгоҳ.
Саида Хоҷаева
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: