
Дирӯз, 7 июли соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиши тантанавии супоридани димломҳои аъло ба нахустин хатмкунандагони зинаи магистратура ва бакалаври донишгоҳ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ-ректори донишгоҳ, аъзои Шӯрои олимон, ҳайати устодону профессорон, хатмкунандагони муваффақи донишгоҳ ва волидайни онҳо ширкат варзиданд.
Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии Хайрзода Шукрулло оғоз ёфт.
Сипас Давлатзода Абдулло Давлат-сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ дар мавзӯи "Нақши Пешвои миллат дар ташаккули соҳаи маориф" маърӯза намуда, баён дошт, ки бо дастгириҳои пайваста ва дурандешонаи Пешвои миллат соҳаи маориф ҳамчу самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат аз як зинаи карахтӣ берун оварда шуда, ба авҷи бемайлони тараққиёт рӯ ба рӯ гардидааст. Ин вазъ метавонад баҳри ташаккули мафкураи зеҳнӣ ва саводноккунонии ҷомеа самараи бемислро ба бор оварад.
Дар идомаи ҳамоиш Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ ба 58 нафар донишҷӯёни зинаҳои магистратура ва бакалавр, ки соли ҷорӣ Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудаанд, дипломи ин муассисаи олиро супорид.
Зимнан ёдовар мешавем, ки соли 2018 Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро 1599 нафар донишҷӯён дар шуъбаҳои ғоибонаву рӯзона аз рӯи ду зинаи таҳсил, магистратура ва бакалавр хатм намуданд, ки аз ин шумора 58 нафар соҳиби дипломи аъло гардидаанд.
Ҳамзамон имсол 2 нафар донишҷӯёни хориҷӣ ин муассисаи олии таълимиро хатм намуда, ба дипломҳои байналхалқӣ аз рӯи ихтисоси иқтисодчӣ мушарраф гардидаанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар бозори истеҳсолот рақобатпазирии худро нигоҳ дошта, ҷойгоҳи намоёнеро соҳиб гардидаанд