Ҷило Гулназарзода, ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки соли ҷорӣ 450 нафар донишҷӯ аз донишгоҳ хориҷ гардиданд, ки сабаби асосӣ иштирок накардани онҳо дар дарсҳо мебошад.
Ҳамчунин, тазаккур дода шуд, ки дар ин давра 4 нафар унвонҷӯ ва омӯзгорони донишкада рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд, ки роҳбарияти донишкада барои ҳавасмандгардонии устодоне, ки рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунанд аз 5 то 8 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кардааст.
Бояд қайд кард, ки ба самти робитаҳои байналмилалӣ дар донишкада таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Айни замон, шумораи созишномаҳои донишкада бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар ба 52 адад расидааст.
Ректор дар идома гуфт, ки дар ин давра 648 нафар шаҳрванди хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои Туркманистон, Қирғизистон, Узбекистон, Афғонистон ва Федератсияи Русия ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Инчунин, 17 нафар донишҷӯи хориҷӣ ба ҳайси шунавандаи забони тоҷикӣ ва русӣ дар назди кафедраҳо таҳсил намуда истодаанд.
Зикр шуд, ки дар донишкада 5 нафар шаҳрвандони хориҷӣ фаъолияти омӯзгорӣ ва волонтёрӣ намуданд, ки аз инҳо 1 нафар шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ, 2 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин, 1 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистон ва 1 нафар волонтёр аз Ҷумҳурии Ҷопон мебошанд.
Қурбон АҲМАДЗОДА