Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ПИРӮЗИИ ДАСТПАРВАРОНИ ДТҶТ ДАР 6 МОҲ

ПИРӮЗИИ ДАСТПАРВАРОНИ ДТҶТ ДАР 6 МОҲ

1-08-2022, 11:19
Хабарро хонданд: 156 нафар
Назарҳо: 0
Зимни нишасти матбуотӣ, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Шодӣ Сафаров дар ҳузури хабарнигон баён дошт, ки донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон борҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд. Дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Тошканд доир шуд, се нафар донишҷӯи бахши 3-юми факултети тарбияи ҷисмонӣ- Абдумалик Болтаев дар вазни 75кг ҷойи дуюм, Муҳаммад Аброриддинов дар вазни +92 кг ҷойи дуюм ва донишҷӯи бахши 3 -юми факултети варзиш Расул Аҳадов дар вазни 67 кг ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Зикр шуд, ки дар Чемпионати Осиё оид ба кураш, ки 22-23 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе доир гардид, варзишгарони ин даргоҳ 1 медали нуқра ва ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ҳамчунин, донишҷӯи бахши 4-уми факултети тарбияи ҷисмонӣ Ҳақназар Назаров дар вазни то 90 кг дар финал аз Масъуд Бароталии эронӣ шикаст хӯрда, ҷои дуюмро соҳиб шуд.
Умар Расулов, донишҷӯӣ бахши 2-юми факултети тарбияи ҷисмонӣ дар вазни то 81 кг ва омӯзгори кафедраи варзиши сабук Мавлуда Асламова дар вазни то 87 кг ҷойи сеюро мушарраф гардиданд.
Мояи ифтихор аст, ки Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева, Беҳрӯз Хоҷазода, Акмалиддин Каримов, Хушқадам Хусравов ва дигарон дастпарварони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мебошанд, ки борҳо дар мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, чемионатҳои Осиё, ҷаҳонӣ ва инчунин Бозиҳои олимпӣ иштирок карда, ба ифтихорашон Суруди миллии ҷумҳурӣ садо дода, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боло бардошта шудааст.
(АКС АЗ АМИТ ХОВАР)
ПИРӮЗИИ ДАСТПАРВАРОНИ ДТҶТ ДАР 6 МОҲ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: