Ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Хушқадам Хусравов ба Ватан баргашт15-11-2018, 08:56
Хабарро хонданд: 233 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Шаби 13 ба 14 ноябр ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбо аз кишвари баргузории Чемпионати ҷаҳон-2018- шаҳри Бухарести Руминия ба Ватан баргашт. Чемпиони нави ҷаҳон Хушқадам Хусравов ва ҷоизадорони ин маъракаи сатҳи ҷаҳониро дар қатори масъулини соҳа ҳаводорони зиёди соҳаи варзиш истиқбол гирифтанд. Маросими истиқболи ғолибони Чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба самбо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо иштироки роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мураббиёну варзишгарон ва ҳаводорони сершумори ин намуди гӯштин дар фазои тантанавӣ сурат гирифт. Тавре аз Федератсияи самбои Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд, дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ, ки аз 9 то 11 ноябр идома ёфт, паҳлавони ҷавони тоҷик Хушқадам Хусравов бо шикаст додани ҳамаи рақибони худ унвони чемпиони ҷаҳонро дар вазни 62 кг ба даст овард. Дар баробари Хушқадам Хусравов боз се тан самбочии дигари мамлакат- Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни 74 кг, Акмалиддин Каримов дар вазни 57 кг ва Сорбон Латифов дар вазни 62 кг медалҳои биринҷиро соҳиб шуданд. Медали тиллои Хушқадам Хусравов баъд аз қаҳрамонии Саидмуъмин Раҳимов ва Беҳрӯзи Хоҷазода сеюмин дастоварди олӣ дар таърихи самбои Тоҷикистон аз чемпионати ҷаҳон маҳсуб мешавад. Бояд гуфт, ки Хушқадам Хусравов дастпарвари Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ мебошад. Чемпиони дигари ҷаҳон Беҳрӯзи Хоҷазода ҳам феълан донишҷӯи ин Донишкада аст. Дар маҷмӯъ Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба самбо 12 тан варзишгар- 8 нафар дар самбои варзишӣ ва 4 тани дигар дар самбои размӣ намояндагӣ карданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ ҷои 3-юмро ишғол кард. Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки соли гузашта дар шаҳри Сочи бо ширкати варзишгарони беш аз 90 кишвар сурат гирифт, паҳлавонони тоҷик бо шумули 11 нафар панҷ медал — як тилло, ду нуқра ва ду нишони биринҷӣ ба даст оварда, дар ҳисоби умумидастаӣ пас аз Россия мақоми дуюмро касб намуданд. Беҳрӯзи Хоҷазода дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни то 74 кило бо медали тилло сарфароз гашт. Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кило ва Набимуҳаммад Хоркашев дар вазни беш аз 100 кило бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд. Зафар Олимшоев дар вазни то 82 кило медали биринҷӣ гирифт. Инчунин аз намуди самбои размӣ Сорбон Латифов дар вазни то 62 кило барандаи медали биринҷӣ гардида буд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.