ЛУТФИ АДИБОН3-06-2022, 10:30
Хабарро хонданд: 113 нафар
Назарҳо: 0
Аз шоири лаҳистонӣ Юлиан Тувим пурсидаанд: -Киро одами худбин метавон гуфт? -Одами ба ман ҳеҷ гоҳ ғамхорӣ наменамудагиро,-хандида гуфтааст шоир. Рўзе мухлисонаш аз масалнависи машҳур Иван Андреевич Крилов пурсидаанд: -Истеъдоди хеле ноёб доред, чаро хеле кам менивисед? Нависанда чунин ҷавоб гуфтааст: -Нисбати «Чаро менависед?» саволи «Чаро кам менависед?»-ро шунидан хубтар аст-да!.. Адиби машҳури фаронсавӣ Мопассан муддати муайян дар вазорат дар мансаби хурд фаъолият дошт. Аз миён солҳо гузашта, дар бойгонии ҳамон вазорат чунин тавсифномаи ба Мопассан додашуда пайдо гардид: «Муносибаташ ба кор хуб, аммо бад менависад». Тарҷумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.