Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ДУХТАРАК ВА ДОНИШҶЎЙ

ДУХТАРАК ВА ДОНИШҶЎЙ

7-02-2022, 08:30
Хабарро хонданд: 731 нафар
Назарҳо: 0
ДУХТАРАК ВА ДОНИШҶЎЙ

Дар ҳаётам воќеаҳои ҳайратовар хеле зиёд рух додаанд. Аммо аз байн солҳои зиёд гузашта бошанд ҳам, аз баъзеи онҳо ҳанўз дар ҳайрат мемонам…
…Солҳои 90-уми асри гузашта буд. Навакак Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, соли аввал дар аспирантура таҳсил мекардам. Ба суроғи як дўстам, ки дар маҳаллаи куҳнаи Путовский иҷоранишин буд, рафтам. Дўстам дар донишгоҳ таҳсил мекарду бо ду рафиќаш дар ҳавлии як пиразан ба сар мебурд. Гоҳ-гоҳ ба хабаргирии ў мерафтам. Ҳавлии хеле одии пиразан якчанд ҳуҷра дошту пиразан онҳоро ба иҷора медод. Бо ин ҳам, аз ташвиши танҳоӣ раҳо меёфт, ҳам барои пешбурди рўзгораш соҳиби каме маблағ мешуд.
Ҳамон рўз соатҳои панҷи бегоҳӣ ба суроғи дўстам рафтам. Аммо ба ҷои дўстам зани сабзинаи миёнсолро, ки дар ҳуҷраи паҳлўи иҷора менишаст, дучор омадам.
- Дўстатон барои харид намудан баромада рафт, шояд ҳозир омада монад, дар ҳамин ҷо нишаста истед,-гуфт зан бо меҳрубонӣ ба ман ва аз дасти духтараки дўстрўяк дошта, ба ҳуҷрааш даромад. Ман дар суфаи миёнҷои ҳавлӣ нишастам. Лаҳзае нагузашта, ҳамон духтараки либосҳояшро ивазнамуда ба наздам омад. Ман ўро шояд тахминан панҷ-шашсола бошад, гуфта фикр намудам.
-Ту кӣ ҳастӣ?-гуфт бо забони бурро духтараки ношинос аз ман наҳаросида.
Ба саволи ногаҳонии духтарак чӣ ҷавоб гуфтанро надониста:
- Ман донишҷўям,-гуфтам.
-Хонда метавонӣ?- муроҷиат намуд духтарак.
-Ҳа,-гуфтам аз кунҷкобии ў ба завќ омада.
Духтарак ҳарфе нагуфта, шитобон ба ҳуҷрааш даромаду дар дасташ як вараќи дафтар ва ручка пайдо шуд.
Ў ба ман эътибор надода, ба курсӣ коғазро гузошта, бо ҳавсала ба навиштан шуруъ намуд. Ман чапдаст будани духтаракро ҳис намудам. Ў ќариб ба нисфи коғаз бо ҳарфҳои калон-калон чизеро навишта, ба ман дароз намуд.
- Хон-чӣ?
Ба коғаз чашм давонда, ҳайрон шудам. Ҳарфҳои матни навиштаи духтарак шинос бошад ҳам, ҳеҷ чизро фаҳмида намешуд. Азоб кашидани маро дида, коғазро аз дастам кашида гирифту «бо ман биё»,-гуфта ишора кард.
Ман беихтиёр ба ў ҳамроҳ шудам. Духтарак маро назди оинаи айвон оварда, коғазро ба оина дошта:
- Акнун хон-чӣ!-гуфт.
Дар оина матнро пурра хондан мумкин буд. Ман аз ҳайрат шах шудам. Духтараки панҷ-шашсола акси дар оина будаи ҳарфҳоро чунон зуд ва бомаҳорат навишта буд, ки ман аз акси аз оина намоён ягон хатто ёфта натавонистам.
Духтарак гўё ҳеҷ чиз нашудагӣ барин коғазро аз дастам гирифта:
- Дидӣ-мӣ?,-гуфта, ба ҳуҷраашон даромада рафт.
Ман ба хонаи хоби худам омада, дар рў ба рўи оина таҷриба гузарондам ва ба ќобилияти духтарак сидќан ќоил шудам.
Ин ҳолат ба ман хеле аҷоиб намуд. Чӣ тавр ба ин муваффаќ шудани духтарак ҳайрати маро меафзуд.
Пас аз як ҳафта барои бо модари ҳамон духтарак суҳбат намудан, боз ба хонаи иҷораи дўстам рафтам. Мутаассифона, гуфтанд, ки духтарак бо модараш аз ин ҷо кўчида, рафтааст.
Ҳарчанд пурсуҷў намудам, соҳиби хона-пиразан ҳам, иҷоранишинҳои дигар ҳам манзили он занро гуфта натавонистанд. Ман бошам, дар давоми солҳо такрор ба такрор ҳамон духтараки ќобилиятнокро ба ёд оварда, ба истеъдоди ў ќоил мешавам…
Искандар МАҲМАДАЛИЕВ, журналист.
Аз ўзбекӣ тарҷумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: