Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «БАРГАШТА РАВ, АЗДУСАР АСПАТРО НАМЕГИРАМ»

«БАРГАШТА РАВ, АЗДУСАР АСПАТРО НАМЕГИРАМ»

21-02-2022, 13:30
Хабарро хонданд: 6269 нафар
Назарҳо: 0
«БАРГАШТА РАВ, АЗДУСАР АСПАТРО НАМЕГИРАМ»

Ривоят дар бораи шоҳмот
Миёни мардум ҳам дар бораи шоҳмот суханҳои ривоятгуна мегарданд. Масалан, замони ќадим ду дӯст бозии шоҳмотро хеле дӯст медоштанд. Ҳатто яке аз онҳо рӯзҳои ќаҳратуни зимистон аз масофаи 30 чаќрим доим бо аспаш ба хонаи шарикаш меомад, ҳар ду шоҳмотбозӣ мекарданд.
Рӯзе то нисфи шаб шоҳмотбозӣ карда, ҳамдигарро мағлуб намуда натавонистанд. Барои фардо давом бахшидани бозӣ маслиҳат карданд. Шарикаш нисфи шаб аспсавор ба хонааш баргашт. Бозии нотамом монда аз хаёлаш намерафт. Ваќти наздики хонааш омадан мумкин будани аспашро ќурбон, дӯсташро мот намуданаш ба хаёлаш расид. Аз лаззати ғолиб омадан сармаст шуда, ба хонааш ҳам надаромада, боз ба хонаи дӯсташ рафт. Дар торикии субҳ хиҷолатомез дарро кӯфт. Шояд дӯсташ ҳам нахобида буд, «Баргашта рафтангир, аздусар аспатро намегирам», гуфт.
Тарҷумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
ҲАНГОМАҲО АЗ ҲАЁТИ НАВИСАНДАҲОИ МАШҲУР
Адиби машҳури франсуз Виктор Гюго ба маќсади донистани чӣ хел фурӯхта шуда истодани романи наваш ба ноширон фаќат мактуби иборат аз аломати баён мефиристад. Адиб мактуби ҷавобиро хонда ба ҳозирҷавобии ноширон ќоил мешавад. Дар мактуби иборат аз як саҳифа аломати калони хитоб буд.
***
Рӯзе мухлисонаш аз масалнависи машҳур Иван Андреевич Крилов мепурсанд:
-Истеъдоди хеле ноёб доред, аммо чаро хеле кам менависед?
Нависанда чунин посух мегӯяд:
-Нисбати «Чаро менависед?» шунидани саволи «Чаро кам менависед?» беҳтар мебуд!..
***
Аз шоири лаҳистонӣ Юлиан Тувим мепурсанд:
-Киро одами худбин метавон гуфт?
-Одамеро, ки ба ман ҳеҷ гоҳ ғамхорӣ намекунад, метавон худбин гуфт,-мегӯяд шоир бо табассум.
Тарҷумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: