Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тарбияи фарзанд аз оила маншаъ мегирад

Тарбияи фарзанд аз оила маншаъ мегирад

20-05-2022, 15:23
Хабарро хонданд: 208 нафар
Назарҳо: 0
Тарбияи фарзанд аз оила маншаъ мегирад

Фарзанд дар парваришу нигањбонии дурусти волидон ва муассисањои таълимї нињоли мевадињандаеро мемонад, ки аз вай гирифтани њосили хуб ифтихор аст. Тарбия ва ба воя расондани он қарзи муњиму вазифаи љонноки њар падару модар ба њисоб меравад. Боиси тазаккур аст, ки дар кишвари мо тарбияи фарзанд ба њукми қонун даромада, волидон барои тарбияи дурусти фарзандашон масъуланд. Қонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” далели ин гуфтањост.
Барои њар як фарзанд мактаби аввалин ва асоситарин оила мебошад. Агар дар ин зина беањамиятї нисбат ба кўдак ба амал ояд, ислоњи он барои падару модар ва дар оянда барои омўзгорони муассисањои таълимї низ басо душвор мегардад.
Волидон ба тарбияи мењнатии фарзандон бояд диққати махсус дињанд, зеро мењнатдустї яке аз хислатњои бењтарини инсон аст, ки аз оила сарчашма мегирад. Њар як фарзанд дар оила бояд мувофиқи қобилияташ вазифаи муайян дошта бошад ва чунин коргузорї дар фарзандон њисси масъулият ва мустақилиятро тарбия мекунад. Дар ин бора Унсурмаолии Кайковус мегуяд: “Њар чи аз фазлу њунар омўхтанї бошад, фарзандонатро биомўзон, то њаққи падарї ба љой оварда бошї, ки аз њаводиси амал эмин натавон буд. Њар њунареву фазле рўзе ба кор ояд”.
Агар волидон дорои њунар ва касбе њастанд бояд њатман ба фарзандони худ омўзонанд. Дар ин бора Саъдї Шерозї гуфтааст: “Њунар чашмаи зоянда ва давлати поянда аст. Агар њунарманд аз давлат биафтад ғам нест, чунки њунар дар нафси худ давлат аст. Њунарманд њар љо равад қадр бинад ва садр нишинад. Бењунар бошад, луқма чинаду сахтї бинад”.
Оре, мо устодон низ намехоњем, ки љавонони мо камсавод ба воя расида, зисту зиндагонии фақирона дошта бошанд. Зеро надоштани саводи кофї инсонро заиф намуда, дар њаёти мустаќилонааш ба мушкилињои зиёд рў ба рў месозад. Кўшиши омўзгорон низ бар он аст, ки љавонон тавассути илму дониш ва ақлу заковат њунареро аз худ намуда, дар рушду нумуи Ватани хеш њамеша сањим бошанд.

Зарина Рустамова,
љонишини директор оид ба таълими МТМУ №17-и н. Ёвон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: