Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Оила ва тарбияи дурусти фарзандон сарманшаи давлату давлатдорӣ

Оила ва тарбияи дурусти фарзандон сарманшаи давлату давлатдорӣ

22-04-2022, 07:23
Хабарро хонданд: 182 нафар
Назарҳо: 0
Оила ва тарбияи дурусти фарзандон сарманшаи давлату давлатдорӣ

Маънои “хурофот” дар луғат “сафсата”, “гапи бемаънӣ” мебошад. Хурофот аз ҷаҳолату нодонӣ ва дур мондан аз илму дониш маншаъ мегирад ва боиси бадбахтиҳои бузурги инсонӣ мегардад. Дар ҳар ҷомеае, ки андешаи хурофотӣ ривоҷ меёбад, он гирифтори бадбахтиҳои бузург мешавад.

Воқеан, барои миллати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанги тоҷик дар ҷаҳони муосир, дар асри рушди бемайлони илму технологияи нав рӯй овардан ба хурофоту хурофотпарастӣ мояи нанг аст ва Пешвои муаззами миллат дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ хеле дақиқ ба ин нуқта ишора кардаанд. Сарвари давлат иброз доштанд, ки “хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меорад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад”.

Худшиносии миллӣ решаи миллат аст. Агар давлат заиф бошад, миллат пароканда мегардад. Аз ин рӯ, мо бояд барои мустаҳкам намудани мактаби худшиносии миллӣ, ки асосҳои он ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад, тамоми кӯшиши худро ба харҷ диҳем.

Дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул шудааст, ки волидайнро дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд уҳдадор мекунад. Аммо ҳанӯз ҳам бархе ба моҳияти ин қонун сарфаҳм нарафтаву ба ин масъала аҳаммияти зарурӣ намедиҳанд. Аксари онҳое, ки ба доми ифротгароён меафтанду ба гурӯҳҳои террористӣ мепайванданд, ҷавонони ноогоҳанд.

Мо бояд ба фарзандони худ китоб тақдим кунем, онҳоро босавод ба воя расонем, чашми онҳоро ба дунёи илму технологияҳои муосир боз намоем, ба омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ шавқманд гардонем. Маҳз бо ин роҳ мо ҷигарбандонамонро аз хурофоту ифрот дур месозем. Тавре Пешвои миллат дар Паёми худ таъкид намудаанд, ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз хар манфиати дигар боло медонанд.

Дар замони пешрафти илму технология моро зарур аст, ки барои гирифтани илму дониши замонавӣ талош кунем, ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти ҷиддӣ дода аз дастовардҳои илму технологияҳои замонавӣ ва фарҳанги пешрафта истифода барем, барои васеъ кардани ҷаҳонбинии худ саъю кӯшиш карда, дар пайи тақлиди унсурҳое, ки кишварро ба асрҳои миёна мебаранд, талоши беҳуда накунем.

Бояд дар хотир дошт, ки гиромидошти арзишҳои миллӣ, ватандустӣ, ободии Ватан, тарбияи фарзандони солеҳ ва амсоли инҳо муқаддасотеанд, ки бояд онҳоро пос дорем ва ҳифз намоем.

Мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро дастгирӣ намоем. Ватанамонро сидқан дӯст дошта, ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем.



Раҳмоналӣ Умаров,

раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сангвор
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: