Русия ба се соли дигари бӯҳрон омода мешавад5-03-2016, 06:00
Хабарро хонданд: 277 нафар
Назарҳо: 0
Дар дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодии Русия барои то соли 2019 вазорати рушди иқтисодии ин кишвар таъхири пардохти маоши кормандони буҷавӣ ва нафақаҳои пасандозиро пешбинӣ мекунад.
Вазорати рушди иқтисоди Русия ҳолатҳои асосии ояндабинии иҷтимоӣ ва иқтисодии Русияро барои давраи то соли 2019-ро муайян кард, ки идомаи сиёсати сарфаи харҷҳои иҷтимоиро дар назар хоҳад дошт. Дар ин бора рӯзномаи "Ведомости" бо истинод ба ҳуҷҷатҳои ин вазорат хабар додааст. Чунин пешбинӣ бар он асос ёфтааст, ки дар тӯли ҳамаи чаҳор соли оянда арзиши як бушка нафт камтар аз 50 доллар боқӣ монда, таҳримҳои зиддирусӣ ва иқдомҳои маҳдудкунандаи ҷавобӣ то соли 2020 бардошта нахоҳанд шуд. Вазорати рушди иқтисод дар пешбиниҳояш то соли 2019 таъхири пардохти маоши кормандони буҷавӣ ва нафақапулиҳои захиравиро пешгӯӣ кард. Дар нақша гирифта шудааст, ки нафақаҳо бо назардошти нархҳо соле як бор 4 дарсад боло бурда шавад. Аммо дар амал арзиши нафақаҳо 10 дарсад кам мешавад, зикр мекунад рӯзнома. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.