Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Сафаралӣ Наҷмуддинов: СИННИ НАФАҚА БАЛАНД НАМЕШАВАД

Сафаралӣ Наҷмуддинов: СИННИ НАФАҚА БАЛАНД НАМЕШАВАД

18-01-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 390 нафар
Назарҳо: 0
Сафаралӣ Наҷмуддинов: СИННИ НАФАҚА БАЛАНД НАМЕШАВАДСафаралӣ Наҷмуддинов, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволи хабарнигори «МХ» оид ба овозаҳо дар бораи боло бурдани синну соли нафақа посух дод, ки новобаста аз он ки сол то сол шумораи нафақахӯрон зиёд мешавад (соли гузашта дар қаламрави мамлакат 625 461 нафар нафақахӯрон кору фаъолият менамуданд), оид ба ин масъала дар ягон сатҳ пешниҳод карда нашуда, овозаҳо асос надоранд. Имрӯз синни нафақа барои мардон 63 ва барои занҳо 58 сол муайян карда шудааст.

Дар масъалаи андозаи нафақа бошад, С.Наҷмуддинов иттилоъ дод, ки андозаи миёнаи нафақаи меҳнатӣ 248, 05 сомонӣ, нафақаи суғуртавӣ 284,58 сомонӣ, нафақаи иҷтимоӣ бошад 126, 85 сомониро ташкил медиҳад. Ҳадди ниҳоии нафақапулӣ дар мамлакат 624 сомонӣ ва камтарин нафақа 130 сомониро ташкил медиҳад.

Соли сипаришуда дар асоси фармоиши муштараки Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» 65 273 нафар нафақагирони маъюб аз муоинаи такрории тиббӣ гузаронида шуданд. Дар ташхис маъюбии 13 ҳазору 871 нафар тасдиқи худро наёфтааст. Аз ин теъдод 3 ҳазору 123 нафар ба синни нафақа расида, нафақаи маъюбиашон лағв шуд. Пас аз муоинаи такрорӣ пардохти нафақаи 10 ҳазору 748 нафар, ки гурӯҳи маъюбиашон тасдиқ нагардидааст, қатъ гардид. Феълан дар мамлакат 7 ҳазору 839 нафар нафақаи маъюбӣ мегиранд, ки нисбат ба онҳо низ муоинаи такрорӣ гузаронда мешавад. Аз ин сабаб бо пешниҳоди Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ пардохти нафақаи ин нафарон муваққатан боздошта шудааст.

Агентӣ дар назди он хизматчиёни давлатие, ки нафақа мегиранд, шарт гузоштааст, ки ё фаъолияти меҳнатиашонро идома диҳанд ва ё аз нафақа даст кашанд. Аз ин нафарон 113 тан аз вазифаашон истеъфо дода, 121 нафар аз гирифтани нафақа даст кашидаанд.

Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки баъд аз эродҳои Президенти мамлакат дар бораи нафақаҳои маъюбии калонҳаҷм Комиссияи махсус ташкил шуд. Комиссия фаъолияти онҳоеро, ки нафақаи калони маъюбӣ мегиранд, мавриди санҷиш қарор додааст. Албатта баҳри ислоҳи норасоиҳои ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Дар радифи нафақаҳои давлатӣ ва суғуртавӣ тӯли 9 моҳи соли сипаришуда ба 47 172 нафар, ки чун бекор аз қайд гузашта, ба 17450 нафар занон барои ҳомиладорӣ ба 756 нафар зан кӯмакпулии яквақта, ба 6957 нафар зан барои нигоҳубини фарзанди то 1, 5 сола ба маблағи 82, 2 миллион сомонӣ маблағ пардохт карда шудааст.

Дар фарҷом директори агентӣ аз таваҷҷуҳи хабарнигорон ба фаъолияти соҳа изҳори хушнудӣ карда, хамкории судмандро ба намояндагони ВАО заминаи мусоиди рафъи саривақтии норасоиҳои ҷойдошта унвон кард.
©Маъруфи Бобораҷаб
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: