Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Вақт сармояи бебаҳост

Вақт сармояи бебаҳост

11-05-2022, 08:30
Хабарро хонданд: 265 нафар
Назарҳо: 0
Вақт сармояи бебаҳост
Вақт чист, барои чист ин саволҳоро боре ҳам фикр кардаед, ин чӣ аст, ки дар дунёи мо нақши асосиро мебозад, ин чӣ аст, ки моро идора мекунад, магар медонед, ки мо на вақтро балки вақт моро идора мекунад. Вақт дар гузар аст, ҳеҷ кас онро боздошта наметавонад ва наметавонист. Вақт ба мисли оби равон на беҳтараш ба мисли чашмаи ҷавон аст, ки бо сурати баланд ҳаракат мекунад, аммо мо аз ин хабар дорем магар мо медонем, ки агар коре барои мо мушкили кунад ба мисли дарси устоде, ки барои донишҷӯи танбал хеле дер мегузараду дам дар дам ба соат нигоҳ мекунад ва сад уф мегӯяд, ки чаро ин қадар дарс дер гузаштаистодааст, ҳол он ки вай намедонад баробари дарс умри ӯ ҳам на дер ба мисли дарс балки тез ба мисли шамол гузаштаистодааст. Пас ба қадри вақте, ин дам дар даст доред бирасед. Шумо хаёл мекунед, ки ҳамавақт ҷавон мемонед. На пири меояд хоҳед нахоҳед, ки ин ҳам ба души вақт аст, пас аз ҳамин ҷой аз ҳамин лаҳза аз ҳамин макон ба қадри вақт бирасед, кушиш кунед, ки вақт бесамар нагузарад дустон, чунки ҳар коре пушаймони дорад. Дар ҷавони коре накунед, ки дар пири ин коратон боиси таасуф гардад, чунки бачагиву ҷавони хеле тез мегузарад, аммо пири ба мисли ҷавони нест. Пири вақти фикр аст.

Аз нахустин гиряи тифл ҳисоби умри мо шуруъ мешаваду дигар мо ҳаргиз гуфта наметавонем, ки боз чанд соат ва ё соли дигар дар ихтиёр дорем. Ин аст, ки ҳар нафаси умрро бояд ғанимат шуморему ҳар лаҳзаи вақтро босамар истифода намоем. Чун фурсати умри инсон танҳо як бор аст.

“Дирӯз”, “имрӯз”, фардо”, “соле қабл”, “баъди як моҳ”... Ин вожаҳо дар забони мо хеле серистеъмоланд. Гузашта, ҳозира ва оянда ин умри мост. Умри мо ин ҳамон вақт аст, ки чун оби равон мегузарад. Ҳамарӯза дар соатҳои мо сонияҳо ҳисоб карда мешаванд, баъдан ба ин сонияҳо дақиқаҳо, соатҳо, рӯзҳо зам мешаванду таърихи умри моро ташкил медиҳанд. Вақт устуворона ва бебозгашт ба пеш ҳаракат мекунад. То куҷо мо инсонҳо даргузар будани умрро дарк мекунем? Оё мо ба қадри вақтмерасем?

Вақт мисли сароб аст. Гоҳи хушҳоливу хушбахтӣ он хеле кутоҳ асту дар лаҳзаҳои нокомиву бадбахтӣ бепоён асту тулонӣ. Бешак, ҳар яки мо мехоҳем, ки ҳамон лаҳзаҳои хушҳолӣ бештар бошанд.
Ҳатто баъзан кӯшиш мекунем, то суръати вақтро тезонем. Ба ёд биёред давраи кӯдакиро. Ҳар яки мо мехостем, ки ҳарчи зудтар вақт гузараду мо калон шавем. Ё дар давраи донишҷӯӣ мехоҳем, ки ҳарчи зудтар дарс ба охир расаду мо ба мулоқоти дилдода шитобем, ё ҳарчи зудтар рӯзи корӣ ба охир расаду истироҳат кунем, ҳарчи зудтар фасли тобистон ояд ва ё ҳарчи зудтар соли нав фаро расад... Аммо боре ҳам намеандешем, ки вақт ба ақиб нигоҳ накарда, якзайл пеш меравад ва бо рафтани худ шумори умри моро кам мегардонад.
Вақт хеле қимат аст. Он сармояест, ки ҷамъ кардану нигоҳ доштанаш ғайриимкон аст, вале сарф ва гум карданаш хеле саҳлу осон. Агар хуб андеша кунем, ҳар нафари мо чӣ қадар ваъдаҳои вафонакарда, мулоқоти батаъхирафтода, мақсаду хоҳишҳо ва орзуҳои амалинашуда дорем. Аммо барои роҳ надодан ба чунин таъхирҳо ва сари вақт анҷом додани кору паймон бояд вақтро пайдо намуд ва ба қадри вақт расид.
Бузурге фармудааст: “Вақти инсон дар ҳақиқат ин умри инсон аст. Агар инсон вақташро на дар роҳи хайру савоб, балки бо ғафлат, беҳудагӣ ва бо орзуҳои ботил гузаронад ва ё беҳтарин фурсатҳои вақташ хоб ва ё бекорӣ бошад, пас марги ӯ барояш беҳтар аз ҳаёташ аст”.
Ҳаёти мо, ояндаи мо дар дасти худи мост. Барор ва нобарориро танҳо як бенишонӣ бо номи “вақт надорам” аз ҳам ҷудо месозад. Дар асл вақти мо хеле зиёд аст. Танҳо моро мебояд, ки онро дуруст тақсим карда, бошуурона истифода намоем.

Вақт ҳаргиз моро мунтазир намешавад. Ҳар лаҳза дар саҳфаи рӯзгори мо як сатри наве зам мекунад, ки муаллифи он бешак худи мо ҳастем. Дар саҳфаи дигари он чӣ навишта хоҳад шуд, ба худи мо вобаста аст. Биёед, ба қадри ҳар нафас, ҳар лаҳзаи умр имрӯз бирасем ва фаромӯш насозем, ки вақт чун тайёраест дар парвоз, ки сарнишинаш худи мо ҳастем.

Вақтро беҳуда сарф накунед, дӯстон. Таваккал кунед, хулоса бароред ва ҳатман муваффақ хоҳед шуд, чуки вақт барнагарданда аст.

Саида Хоҷаева
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: