Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Бузургон дар васфи зиндагӣ

Бузургон дар васфи зиндагӣ

30-07-2018, 09:42
Хабарро хонданд: 314 нафар
Назарҳо: 0
Бузургон дар васфи зиндагӣ
Дар зиндагӣ ягона чизи арзанда ишқ ва кор аст. Кор низ як навъи махсуси ишқ аст.
* * *
Зиндагӣ ҳам он лаҳзае сар мешавад, ки мо наздик будани анҷоми онро дарк мекунем.
* * *
Афсӯс! Ҳамеша маҷбур мешавӣ бо онҳое, ки сахт дӯсташон медорӣ, дар муноқиша бошӣ, ҳам дар ишқ ва ҳам дар муносибати модар бо фарзанд.
* * *
Зиндагӣ чизи аҳмақонаест мо хеле зиёд ҳамдигарро мебинем, вале ҳаргиз фурсати онро надорем, ки ба таври лозимӣ ҳамдигарро назора кунем.
* * *
Пул ҳамон қадаре лозим аст, ки худро таҳқиршуда ҳис накунӣ.
* * *
Бадбахтона, зебоӣ барои зан лозим аст. Ҳар қадар ӯ ботинан зани арзанда бошад ҳам, агар зоҳираш бо он мувофиқат накунад, мард ба арзишҳои ӯ пай нахоҳад бурд. Ин ақидаи маро дар хусуси он ки эҳсос дар ишқи мардҳо нақши муҳим дорад, тақвият мебахшад.
* * *
Ишқи ҳақиқӣ мегӯяд: «Маро дӯст дор, вагарна аҳволам бад мешавад». Вале эҳсоси кӯр-кӯрона мегӯяд: «Маро дӯст дор, вагарна аҳволат бад мешавад».
* * *
Бахт мисли шапалак аст, аз қафои инсон намедавад, одам бояд аз паси вай бидавад.
* * *
Агар ба шумо матни суханронӣ навиштан лозим бошад, ба мардҳо муроҷиат кунед, вале агар кореро анҷом додан лозим аст, ба занҳо рӯ оред.
* * *
Мо наметавонем кай ва чӣ гуна мурданамонро интихоб кунем. Мо метавонем танҳо чӣ гуна зистанамонро муайян намоем.
* * *
Мо наметавонем корҳои бузургро анҷом диҳем, танҳо метавонем корҳои хурдро бо муҳаббати бузург иҷро кунем.
* * *
Агар шумо ба муҳокимаи одамон шурӯъ кунед, ба шумо барои дӯстдоштани онҳо фурсат намемонад.
* * *
Ман худро қаламе дар дасти Худо эҳсос мекунам. Худо бо мо менависад ва хуб менависад, ҳар чанд мо он қадар олоти мукаммал нестем.
* * *
Да нахустин фурсат мард ҳамаи масъулиятро ба дӯши зан гузошт.

Фирдавси Абдураҳмон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: