Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Хушҳолиро аз кӯдакон омӯзем ё 7 хислате, ки изтиробро мебарад

Хушҳолиро аз кӯдакон омӯзем ё 7 хислате, ки изтиробро мебарад

26-03-2020, 09:52
Хабарро хонданд: 2933 нафар
Назарҳо: 1
Хушҳолиро аз кӯдакон омӯзем  ё 7 хислате, ки изтиробро мебарад
Ҷаҳони мо

Муҳаққиқон зиндагии имрӯзиёнро пурра вобастаи ҷаҳони фанновариву иттилоот медонанд. Ин ба маъноест, ки хоҳему нахоҳем, ҳамарӯза даҳҳо ва садҳо хабари хубу бадро мешунавем, мебинем, зери таъсирашон қарор мегирем.
Таъсири ин гуна хабарҳо ва асароти кор бо техникаю дастгоҳҳои электронӣ,овози мошинҳои гуногунтамға дар роҳҳо, аз ҷумлаи омилҳое шудаанд, ки моро доим дар ҳолати стрессу изтироб нигоҳ медоранд.
Равоншиносон тавсия медиҳанд, ки агар мехоҳем аз шару шӯри дунё ва рӯзгор биосоем, бе ташвишу дур аз ҳолати изтиробу стресс бошем ва зиндагии бароҳаттаре насибамон гардад, бояд ҳафт хислатро дар худ инкишоф бидиҳем.
Онҳо бар ин боваранд, хислатҳое, ки илми равоншиносӣ тавсия мекунад,барои дар оромӣ ва ҳамоҳангӣ бо ҷомеа зиндагӣ кардан,аз ташвишҳо дур будани мо ҳатман мусоидат мекунанд.
Ба рӯйдодҳо холисона нигарем

Тасаввур кунед, ки шумо ҳама чизеро, ки дар ҳаётатон рух дода истодааст, мушоҳида мекунед, аммо шарт нест ба ҳар кадом баҳогузорӣ намоед. Чунон рафтор намоед, ки гӯё ба ҳар чизе дар атрофатон рӯй медиҳад, бепарво ҳастед. Худро ба ҳама ҳодисаҳо мисли як нозири бетараф нишон диҳед. Шумо ҳама чизро мебинед, қабул мекунед ва иҷозат медиҳед, ки чунин бошад. Зеро барои шумо фарқе надорад, ки дар атрофатон ва фаротар аз он дар дунё чӣ мегузарад.
Ташвиш? Изтироб? Барои як гапи беҳуда ва ё ҳодисае, ки ба мову шумо ҳеч дахл надорад, чаро дар азоб бошем? Тасаввур кунед, ки он ҳама кирои андешаро надорад ва бовар дошта бошед, ки аз бисёр чизҳое дар борааш фикр мекунем, ба мову шумо на нек мерасад на бад. Он ҳама ин дам, ё имрӯз ҳаст, дами дигар ё фардо нест.
Сабур бошем

Ин қобилияти тоб овардан ба мушкилот, нигоҳ доштани оромӣ ва худдорӣ аз баҳс, аз қаҳру ғазаб мебошад.
Пурсабрӣ боварӣ, инчунин меҳрубониву ҳамдард будани шуморо нисбати дигарон талаб мекунад.
Барои омӯхтани хислати сабур будан ба мо лозим аст, ки аз бетоқатӣ дурӣ ҷӯем.
Бетоқатӣ кардан мумкин, агар он дар худ импулс, фикр ё тамоюл барои бақоият, зинда мондан ва ба пеш ҳаракат кардан дошта бошад.
Бесабрӣ ин ҳолатест, ки мо мехоҳем, ки ҳамаи рӯйдодҳо аз он чизе ки дар айни замон ҳаст, фарқ кунад, тавре бошад, ки дили мо мехоҳад. .
Беғаширо аз кӯдакон биомӯзем

Покии зеҳн ва дили беғашро аз кӯдакон бояд биомӯзем. Барои онҳо, ҳама чиз нав аст. Эътибор додаед, ки агар падар, модар, бибию бобо рӯзе чанд бор аз дар дароянд,боиси хушҳолиашон мешавад. Ё шумо бо хурдтарин ҳадя метавонед,кӯдакро хурсанд кунед. Онҳоянд, ки берангии хонадонро мебаранд ва бо сухану рафторашон хушҳолӣ меоранд. Агар сад бор як чизро оред ҳам, барояшон нав метобад. Онҳо ҳар лаҳза бо кунҷкобӣ савол медиҳанд ва бо дили гарм зиндагӣ мекунанд.
Ақли кӯдакон қобилияти кушода будан, ба дил нагирифтани чизи бадро дорад. Ақли кӯдакона доштан ба маънои он аст, ки ману шумо доим чеҳраи кушода хоҳем дошт ва аз дидани дигарон хушҳол мешавем,бо ҳама ҳамдарду меҳрубон ҳастем.
Бароямон ҳар чизе рӯй медиҳад, таҷрибаи нодир ва гаронбаҳост. Натанҳо ҳар рӯз баромадани офтоб, балки нишастани он ҳам хушҳолӣ хоҳад овард. Ҳар муоширати худ бо дигаронро бебаҳо ва ғанимат мешуморем. Ҳар чизеро, ки мо ҳамарӯза ба он дастрасӣ дорем, беҳамто медонем.
Ба худ бовар кунем
Ин маҳоратест, ки ба худ ва эҳсосоти худ эътимод мекунем. Хислате, ки бисёр одамон онро надоранд ва дар рӯзгори худ ба душвориҳо рӯбарӯ мешаванд.
Боварӣ ин қобилияти худро шунидан, ба ҳидояти ақлу дил гӯш додан аст. Дар сурати боварӣ доштан мо ҷаҳонро бо чашми худ медидагӣ мешавем. Ба шӯру мағал, ғавғову андешаҳои одамони дигар камтар эътибор медиҳем, зеро бовар хоҳем кард, ки хоста ва гуфтаи онҳо моро қонеъ карда наметавонад.
Боварӣ ин донишест, ки боис мешавад танҳо худи ману шумо шумо кӣ буданамонро беҳтар бишносем. Бовар хоҳем кард, ки ҳеҷ кас мо намешавад ва мо ҳам ба каси дигар табдил намешавем. он чи мо ҳис мекунем, дигарон он эҳсосро нахоҳанд дошт. Пас он чизе ки мо ҳис мекунем, барои худамон дуруст ва қобили қабул аст.
Аз такудави беҳуда худдорӣ намоем
Хушҳолиро аз кӯдакон омӯзем  ё 7 хислате, ки изтиробро мебарад
Ташвиш, такудав, шитобкории аз ҳад зиёд дар кору дар хона, доим дар такопӯ будан аз нишона ва хусусияти хоси замони мост.
Ҳатто, вақте ки мо ба назар коре надорем, ҳушамон банди фикре буда, ором нест. Мо мехоҳем коре кунем, чизеро тағйир диҳем, ба ҷое биравем. Мо метарсем, ки агар ҳамин корро накунем, чизеро аз даст медиҳем, фурсат аз даст меравад, аз чизе дер монем.
Мо, ҷисму ҳушамон ба такопӯ одат кардааст, ҳолате, ки бояд надошта бошем.

Кӣ ва чаро моро ба амалкарди бештар ва фаъолона водор мекунад? Овози кӣ мегӯяд, ки мо бояд коре кунем ва ҳар амалеро дар вақташ ба иҷро расонем? Намедонем. Пас он овоз дурӯғ ва он чизе ки моро ба шитоб даъват мекунад,чизе нест, ки аз он битарсем.
Оё мехоҳем, минбаъд низ каси дигаре бошем, ё вақти он расидааст, ки худро гӯш кунему бо худамон бошем?
Ҳар чиро бишиносем

Қобилияти дидани ҳамаи чизҳоро дар асл дошта бошем, на ба тавре ки мо онҳоро дидан мехоҳем.Қабул доштан ин қобилиятест, ки моро аз баҳсу мубориза бурдан ва кӯшиш барои рад кардани кору андешаи дигарон мераҳонад.
Бо раҳоӣ аз одати рад кардани он чӣ ки ҳаст, одам худро аз банде озод мекунад ва энергияи зиёдеро аз худ дур месозад. Қабул доштан ва пазируфтани воқеиятҳо ба маънои созиш кардан бо он чи ноадолатӣ мепиндорем, набояд дониста шавад. Мо ҳам набояд ғайрифаъол бошем ва аз ҳар чизе, ки хушамон намеояд (маъқуламон нест), қаноатмандӣ ҳосил намоем.
Одати гузашт карданро дошта бошем

Эҳсосоти баланд бигзор бошанд, Хамон ҳолати рӯҳие, ки бо ҳиссиёти сахти кас ифода меёбад. Мо ба он дахолат ва самтдиҳӣ накунем,ҳар гуна фикрамон бояд озод бошад.
Бо ин амал дарк хоҳем кард, ки тафаккур ва эҳсосоти мо ин худи мо буда наметавонад.
Изтироб ва ҳаяҷон берун ин мо нестем. Ҳолати муваққате аст, мисли амвоҷи оби баҳр гоҳе ба соҳил мезанаду гоҳе дур мешавад.
Аммо вақте фикру эҳсосотамонро идора кардан мехоҳем, мо ба ин ду ғарқ мешавем. Фикр мекунем, ки ба андешаву эҳсосот буду шудамон вобаста аст, мо бошем танҳо аз паҳлӯ истодаву тамошо мекунем, ки чӣ шуду чӣ монд.
Агар мо эҳсосотамонро дуруст мудирият кунем, ҷаҳон бароямон рангинтар мегардад.
Таҳияи Солеҳ Юсуфов

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: