Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳунар ганҷест бебақо...

Ҳунар ганҷест бебақо...

2-11-2021, 08:00
Хабарро хонданд: 89 нафар
Назарҳо: 0
Ҳунар ганҷест бебақо...
Умри инсон ончунон тез мегузарад, ки баъзан нафарон дар ин гузашти умр ҳунареро ҳатто нияти омӯхтан намекунанд. Баъзани дигар бошад сахтии рӯзгор ва мушкилоти пеш омада ӯро водор месозад, ки садҳо ҳунарро омӯзад. Дар урфият гуфтаанд, ки барои як мард чил ҳунар кам аст. Барҳақ гуфтаанд, агар мо ду ҳунар дошта бошем пас ҳеҷ вақт гурусна нахоҳем монд.
Омӯзиши ҳунар чандон мушкил нест, танҳо таваҷҷӯҳ ва хости ҳамон нафар бошад кифоя. Ҳар як ҳунари омӯхтаи мо боз дареро мекушояд барои аз худ кардани ҳунари дигар. Албатта ҳар як инсон назди худ шарт гузорад садҳо ҳунарро аз худ менамояду барои пеш бурдани рузгори зиндагиаш маблағе дастрас мекунад.
Агар мо аз хурди дар дили наврасон ҳунаромӯзиро ҷой надиҳем пас дар сину соли ҷавонӣ, ки пур аз рӯзҳои рангин аст, мушкил аст онро ба як омӯзиши ҳунар ҷалб кард.
Пас зарур аст, ки вобаста ба вазъият ва давраҳо ҳунарро омӯхт. Маҳсули дасти ҳунарманд зар пазируфта мешавад. Зеро ҳар як коре, ки ӯ ба иҷро мерасонад агар ҷоилибу хуш бошад садҳо харидор пайдо мекунад. Оддатарин ҳуна моро ба мақсад расонида, ҳам пепшонаду ҳам мехуронад.
Ҳунарманди асил боз садҳо шигирд пайдо намуда, як умр онҳо устод гуфта барояш хизмат хоҳанд кард. Дар шароити имрӯза давлат барои омӯзиши касбу ҳунар тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст то, ки нафарони бе ҳунар ба омӯзиш фаро гирифта шаванд.
Назорати ҷидии падару модар низ зарур аст, ки ҳар як фарзанд ҳунареро аз худ намояду дар ҳолати зарурӣ аз он нон ёбаду хӯрад. Ҳунарманд доимо ба худ эҳтиром ва мавқеи хоса дорад.
Сафаралӣ Мирзоев –муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: