Моҳи июли соли гузашта ба унвони идораи ҳафтаномаи мо, аз номи сокини ҷамоати деҳоти М. Махмадалиеви ноҳияи Восеъ Ҳусейнов Маҳмадмурод номаи шикоятие омад, ки дар он чунин навишта шуда буд: "Нобаробарӣ ва носозгориҳои ҳаёт, бемасъулиятӣ ва бетафовутии иддае аз масъулини мақомоти ҳуқуқии ноҳияи Восеъ маро ба он водор намуд, ки ба унвонии ҳафтаномаи шумо номаи шикоятӣ нависам. Зиёда аз 11 сол боз қитъаи замини барои сохтмони назди хавлигии ба худ ҷудошударо гирифта наметавонам.
Мувофиқи қарори №4 мачҷлиси аъзоёни раёсати хоҷагии деҳқонии "ЯП"-и ноҳия Восеъ аз 17 02.2001 барои сохтмони хонаи истиқоматӣ ба миқдори 0,15 га, қитъаи замин, аз заминҳои деҳаи Ҳулбуки ноҳия ба ман ҷудо шуда буд. Дар асоси қарори номбурда сертификати ҳуқуқии истифодаи замин А№0217315-ро аз 15.08.2009 гирифтаам, аммо аз моҳи августи соли 2009 бидуни иҷозати мақомоти дахлдор ин замин аз тарафи сокини ҳамин деҳа Самадов Эргаш худсарона аз худ карда шудааст.
Гарчанде борҳо барои гирифтани замини қонунан ба худ ҷудошуда ба мақомоти салоҳиятдор мурочиат карда, ҷавобхои мусбӣ гирифта бошам ҳам, аммо Самадов Эргаш ба тариқи ихтиёрӣ замини ба номи ман бударо баргардонидан намехоҳад".
Аризаи мазкур дар шакли пуррааш дар санаи 25.08.2021 бо унвонии "Ба таваҷҷуҳи прокурори ноҳияи Восеъ" дар ҳафтанома нашр шуда буд, вале ба ин номаи шикоятӣ касе аз мақомоти ноҳия то имрӯз вокуниш нишон надодааст. Сипас мо ба Ҳукумати ноҳияи Восеъ муроҷиат кардем, вале мутаассифона ба муроҷиати худ посух наёфтем. Хунукназарона рафтор намудани масъулини соҳа моро ба андешаи он водор сохт, ки масъулияти ин мушкилии пешомадаро касе ба зиммаи худ гирифтан намехоҳад.
Чунин рафторро дида мо кушиш намудем, ки барои мушахассу амиқ намудани ин номаи шикоятӣ ва ба дурустии он, бемасъулиятии иддае аз мутасаддиёни соҳа рушанӣ андозем.
Аризадиҳанда Маҳмадмурод Ҳусейнов бо мақсади соҳиб шудани қитъаи замини ба ӯ ҷудошуда соли 2009 ба Суди ноҳияи Восеъ муроҷиат намудааст. Суд дар ҳайати раисикунанда Аҳмадов Д. котибии Идибекова М. дар маҷлиси кушоди Суди ноҳияи Восеъ 27.01. 2010 корро аз рӯи даъвои Махмадмурод Ҳусейнов дида баромада, муайян намуд, ки дар ҳақиқат қитъаи замини 0,15 га аз ҷониби Самадов Эргаш худсарона ғасб гардиааст ва он ба соҳибаш Маҳмадмурод Ҳусейнов баргардонида шавад. Аммо карори судро Самадов Эргаш эътироф накарда, дар маҷлиси суди изхор намудааст, ки кқитъаи замини мазкурро аз ҳамдеҳааш Раҳматулло Худойбердиев, ки алҳол дар маҳбас аст, дар ҳаҷми 700 сомонӣ харидааст.
...Кас аз он ҳайрон мешавад, ки Самадов Эргаш дар асоси кадом ҳуҷҷатҳо замини мазкурро ба Раҳматулло Худойбердиев фурӯхтааст ва чӣ гуна Самадов Э. ба ӯ бовар кардааст. Ин гуфтаҳо шубҳаангезанд ва агар рост бошанд ба ҷинояти содиркардаи Худойбердиев моддаи қаллобӣ бояд зам шавад. Аммо хамаи ин паси парда монд дар ҳоле, ки бояд иҷрочиёни суд ва ё кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Восеъ, дар асоси ҳалномаи суд Самадов Эргашро аз замини зуран ишғол намудааш мебароварданд, вале касе аз паи иҷроиши он нашудааст.
Иҷроиши ҳалномаи мазкурро суди ноҳия ба зиммаи ҷамоати деҳоти Арали н. Восеъ вогузор кардааст, аммо ҷамоат ҳам коре карда натавонистааст, ҳол он ки дар моддаи 363 кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон оид ба иҷро нагардиданги ҳукми суд ҷазо муқаррар гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки Маҳмадмурод Ҳусейнов солиёни зиёде ба ҳайси омӯзгор фаъолият намудааст ва қитъаи замини ба ӯ ҷудо шуда, дар асоси талаботи банди 2 моддаи 78 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири с. 1986) ва бо қарори маҷлиси умумии аъзоёни колхоз ва маҷлиси вакилон ба муаллимон, духтурон ва дигар мутахассисоне, ки дар деҳот кору зиндагӣ мекунанд додани қитъаҳои замини назди хавлигӣ ҷудо шудааст. Номбурда сертификати ҳуқуқии истифодаи заминро аз санаи 31.03.2009 , таҳти рақами №217315 барои истифодаи якумраи замин гирифтааст, аммо... ?
Маҳмадмурод Ҳусейнов борҳо ба ҳукумат ва мақомотҳои ҳуқуқии ноҳия барои баргардонидани замини ба ӯ мутааллиқ будааш муроҷиат карда бошад ҳам, аммо тавони мақомотҳои ҳуқуқии ноҳияи Восеъ, бо сабабҳои то ҳанӯз номаълум ба ҷавобгар Самадов Эргаш нарасидааст ва ӯро аз замини зӯран ишғолкардааш бароварда натавонистаанд. Ба назар чунин мерасад, ки мутасаддиёни соҳа аз ӯҳдаи вазифаи худ намебароянд. Боз кӣ медонад?...
19 июли соли 2011 собиқ раиси ноҳияи Восеъ Султон Валиев дар бораи баргардонидани қитъаи замини худсарона ишғолкардашуда, дар асоси пешниходи кумитаи заминсозии ноҳия аз 29.06.2011, №239 мутобиқи моддаҳои 19, 20- и Қонуни Ҷухурии Тоҷикистон"Дар бораи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ" қарор баровардааст, ки қитъаи замини худсарона ғасб шуда, ба истифодабарандаи ҳаққонияш Маҳмадмурод Ҳусейнов баргардонида шавад. Иҷроиши ин қарорро ба муовини соҳавии раиси нохия, сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳия, кумитаи заминсозӣ ва раиси ҷамоати деҳоти "Арал" вогузор кардааст, аммо супориш иҷро нагардидааст. Инчунин дар санаи 24.04-2020 таҳти рақами 33/157 дар асоси мурочҷиати Маҳмадмурод Ҳусейнов аз прократураи ноҳияи Восеъ, чунин номаи чавобӣ омадааст: "Прократураи ноҳия мурочиати шуморо оиди худсарона азони худ намудани 0,15 га қитъаи замини наздиҳавлигиатон аз ҷониби шаҳрванд Самадов Эргаш Холбобоевич мавриди баррасӣ карор дод.
Дар рафти санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрванд Самадов Э.Х. дар хақиқат қитъаи замини шуморо худсарона аз худ намуда, мавриди истифода карор додааст.
Бинобар ин нисбати шаҳрванд Самадов Э.Х. парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, муроҷиати шумо қонеъ гардонида мешавад".
Чунин посух аз ҷониби прократураи вилояти Хатлон дар минтакаи Кӯлоб буда, ба номи Хукумати н.Восеъ ва Маҳмадмурод Ҳусейнов дар санаи 16.03-2021 таҳти рақами 20/123 расидааст, вале боз хомӯшӣ..., гуфтан ҳасту амал нест.
Дар ҷамъбаст гуфтани ҳастем, ки Самадов Эргаш чӣ неру ва манзалате дорад, ки солҳои сол қонуншиканӣ кардаасту то ҳануз рафтораш дар назди Хукумати нохияи Восеъ ва мақомоти ҳуқуқии салоҳиятдори ноҳия пушти парда мондааст, ҳол он ки ............... Дар давоми 11 соли сипари гардида, роҳбарият ва қисми зиёди намояндагони ҳуқуқии ноҳияи Восеъ иваз гардидаанд ва акнун кормандони нав рӯи кор омадаанд, орзуи онро дорем, ки масъалаи мазкур аз тарафи онҳо аз нав дида мешавад ва шояд "ҳақ ба ҳақдор" мерасад...
Тағоймурод Ориф