Рӯзҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ2-11-2015, 15:35
Хабарро хонданд: 403 нафар
Назарҳо: 0
Бахшида ба 80-солагии ноҳияи Восеъ, бо қарори раиси ноҳияи Восеъ, узви Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Ғафурзода Мусо Зариф 500 рӯзи ободонӣ эълон гардид.
Бо ин мақсад мунтазам дар ноҳия ҳашари умуминоҳиявӣ гузаронида мешавад. Аз ҷумла, рӯзи шанбе коллективҳои муассисаҳо таҳти сарварии раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолон ба ҳашари умумӣ баромада, дар корҳои ободониву тозагӣ ширкат варзиданд. Дар ин шанбегӣ саҳми корхонаҳо, муассисаҳо, Литсейи касбӣ-техникӣ ва беморхона назаррас буд. Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ тасмим гирифт, ки то баргузории чорабинӣ чунин шанбегиҳои дастаҷамъона дар оянда низ гузаронида мешаванд. ©Кумитаи иҷроия дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.