Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ДОВАРИҲОРО БА ПЕШИ ДОВАР АНДОЗЕМ?! (ё қароре, ки ба доварӣ ниёз дорад)

ДОВАРИҲОРО БА ПЕШИ ДОВАР АНДОЗЕМ?! (ё қароре, ки ба доварӣ ниёз дорад)

25-10-2021, 11:40
Хабарро хонданд: 252 нафар
Назарҳо: 0
ДОВАРИҲОРО БА ПЕШИ ДОВАР АНДОЗЕМ?! (ё қароре, ки ба доварӣ ниёз дорад)
Номаи имдоде, ки бо қалами ман таҳти унвони “Суд қуръапартоӣ мекунад” дар нашрияи “Тоҷикистон” 28 июли соли ҷорӣ интишор шуд, баъди гузашти қариб 3 моҳ 6 октябри соли ҷорӣ Суди Олӣ дар ҷавоб ба он ба унвонии нашрияи мазкур вокуниш навишт.
Дар вокуниш аз ҷумла чунин нуктаҳои калидӣ ҷой дорад: “Чуноне ки аз маводи парванда бармеояд, Ҳ.Сатторов бидуни ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда қитъаи заминро ба андозаи 0,1192 га худсарона ишғол намудааст”. Инчунин: “Бо моддаи 338, қ. 2-и КҶ гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо дастрасии моддаи 63-и кодекси мазкур ҷазо дар намудаи ҷарима ба андозаи 200 (дусад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 11600 сомонӣ ба фоида давлат таъйин карда шудааст”.
Аз ин ҷумлаҳо бармеояд, ки мутаассифона, ҳамон нуктаҳое, ки дар ҳукми зинаи аввал ғайриқонунӣ ҷой дорад, айнан такрор ёфтааст. Яъне далелҳои дар мақолаи ман зикршуда баррасӣ нагардидааст. Дар мақола хоҳиш намуда будам, ки ба шикояти назоратии ман ва аризаҳо бо замимаи 55 саҳифа ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаам аз 2 апрел, 22 июн, 7-23 июл, 11,17,24 августи соли 2021 таваҷҷуҳ намоед. Зеро дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаам хато будани ҳукм, таъйинот ва қарорро, ки гӯё ман ягон ҳуҷҷати ҳуқуқмуайянкунанда надорам, баръало исбот намуда будам. Чаро ба хуҷҷатҳои қонуниям назар кардан намехоҳед? Хулосаҳои ҳукм ва таъйинотро бидуни баррасии фактҳои қонунии ман дар вокунишатон айнан такрор мекунед? Чунин муносибат ба омӯзгоре, ки дар асоси қарор қонунӣ 0,12 га замин дораду ин заминро 60 сол боз истифода мекунанд, дар пеши чашмаш деворҳои хонаашро ғайриқонунӣ дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16 ноябри соли 2020 хароб карданд, нисбаташ ғайриқонунӣ ҳукм содир намуданд ва заминашро гирифтан мехоҳанд ва бар замми ин мегӯянд, ки бе фоида талош накун, оё раво мебошад?
Ба Лутфуллозода бовар кунам ё ба Тағозода?
Дар шигифтам, чӣ гуна дар вокуниш Суди Олӣ ҳуҷҷатҳои ман, аз ҷумла қарори колхози «Ленинград»-и н.Ҳисор аз соли 1984, парвандаи танзими замин аз соли 2008, қарори раиси ҷамоати деҳоти Чузӣ аз соли 2008, нусхаи харитаи маҳал аз соли 2008, нақшаи замини наздиҳавлигӣ аз соли 2008, қарори Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2017, №554, шиносномаи техникии хона аз соли 2020, лоиҳаи ангоравии кумитаи меъморӣ аз соли 2020 ва мактуби хулосавии Кумитаи идораи замин ва геодезии ҶТ аз соли 2021 ва маълумотномаи филиали бойгонии марказии давлатӣ дар шаҳри Ҳисор, ки дар як парвандаанд, аз чашм дур мемонанд ва танҳо ҳукму таъйиноти ғайриқонунӣ мавриди омӯзиш қарор мегиранд?!
Маврид ба зикр аст, ки муҳтарам Ш. Лутфуллозода дар вокуниш қайд мекунад, ки тибқи талаботи моддаи 403 ва 404-и КМҶ ҶТ дар сурати розӣ набудан нисбат ба санадҳои судӣ ба Суди Олӣ шикояти назоратӣ намояд. Аммо дар мактуби дигар судяи Суди Олӣ муҳтарам А. Тағозода менависад, ки ҳуҷҷатҳои иловатан пешниҳоднамудаи Сатторов Ҳ., аз қабили қарори раиси Ҷамоати деҳоти Чузӣ аз 28-уми марти соли 2008 таҳти №11 ва замимаи №1 ба он, маълумотномаи филиали бойгонии марказии давлатӣ дар шаҳри Ҳисор аз 1 марти соли 2021, таҳти №01/10-183 дар рафти тафтиши пешакӣ ва судӣ пешниҳод ва мавриди таҳқиқ қарор дода нашудааст ва тибқи талаботи қисми 1-и моддаи 419-и КМҶ ҶТ ҳуқуқи аз нав сар кардани пешбурд, бинобар ошкор шудани ҳолатҳои нав ба прокурор тааллуқ дорад ва метавонад ба Прокуратура муроҷиат намоед (асос: мактуби Суди Олӣ).
Ростӣ ҳайронам, намедонам аз рӯи кадом тавсия амал намоям, то адолат дастболо шавад?!
Ҳукми ғайриодии суди ноҳияи Шаҳринав
Анқариб як сол мешавад, ки касе ба ҳалли мушкилоти иҷтимоии кўчаки мани омўзгор, аз рўи қонунҳои навишташуда, ки ҳамаро баробар медонад ва дар асоси ҳамин қонунҳо ман ҳақ мебошам, таваҷҷуҳ намекунад. Суди ноҳияи Шаҳринав бо ба инобат нагирифтани ҳуҷҷатҳо ва далелҳои қонунӣ таҳияшуда ҳукме аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намуд, ки маро ба андозаи 200 нишондиҳанда, баробар ба 11600 сомонӣ ҷарима намуд. Намедонам ин ҳукми ғайриодӣ дар асоси кадом қонун нисбати ман содир шуд, аммо ман баръало исбот намудам, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бегуноҳам ва ин ҳукм ғайриқонунӣ мебошад.
Беадолатӣ дар марҳилаи кассатсионӣ
Бо умеди адолатҷўӣ нусхаи ҳукми суди ноҳияи Шаҳринавро, ки аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот ғалати он ошкор шуда буд, бо аризаи шикоятӣ замима намуда, бо далелҳои қонунӣ, ки ман бегуноҳам, ба Суди Олӣ ирсол доштам. Ва умед бар он бастам, ки дар Суди Олӣ судяе бо донишу таҷрибаи кофӣ пайдо мешаваду бо ман дар асоси қонун рафтор мекунад. Дар Суди Олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ 9 март дар ҳайати раисикунанда Азиззода З.Н., судяҳо Кенҷазода М.Т., Ғуломзода С.С., ҳимоятгар Нуридинов Б. оғоз гардид. Дар рафти мурофиаи кассатсионӣ ба ҳуҷҷатҳои ман хостанд мисли суди ноҳияи Шаҳринав эътибор надиҳанд. Вале ман хоҳиш намудам, ки ба ҳуҷҷатҳои ман таваҷҷуҳ намоянд, зеро ҳуҷҷатҳои ман дар асоси қонун ва дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидаанд ва яке аз он қарорҳо шахсан аз ҷониби Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Дар баррасии марҳилаи кассатсионӣ пурра ҳуҷҷатҳои лозимаи қонунан таҳияшударо пешниҳод кардам, бовар карданд, ки ман ҳаққам. Баррасиро бе баҳодиҳии ҳуҷҷатҳои ман, ки бегуноҳиям исбот мешуд, анҷом доданд, дигар ба ман гуш накарданд. Судяҳои марҳилаи кассатсионӣ барои ҳимояи ҳукми ғайриқонунӣ ҳар ваҷҳҳои ғалату пуче, ки дар ҳукми суди ноҳияи Шаҳринав буд, ҳамонро такроран навишта, “Таъинот” дар бораи бетағйир мондани ҳукми суди зинаи аввал содир намуданд. Дар асоси қонун суди зинаи аввал ва марҳилаи кассатсионӣ дарки ҳуқуқиро асос қарор дода, далелҳоро пурра ва холисона барои ҳалли парванда бояд баҳо медод, аммо чунин накард (моддаи 88, қ.1-и КМҶ).
Суҳбат бо муовини аввали раиси Суди Олӣ
Бо умеди адолат дар рўзи қабули шаҳрвандон сабти ном кардам. Қабули шаҳрвандон аз ҷониби муовини аввали раиси Суди Олӣ Шавкат Лутфуллозода, муовини ин ниҳод Сайдалӣ Раҳмонзода, кормандони раёсати коргузорӣ ва чанде аз сардорони раёсати Суди Олӣ дар толори бинои асосӣ, ки дар қабати якум ҷойгир аст, сурат гирифт. Хуб дар ёд дорам, он ҳангом чӣ гуна суҳбат ороста шуд. Як-як ҳамаро тафтиш мекарданд, то ба ҷуз ҳуҷҷат чизе ҳамроҳ надошта бошем, ҳатто телефонҳо низ гирифта мешуд. Тааҷҷубовар ин буд, ки мо мазлумон назди ҳомиёни адолат омадаем, чаро ин қадар тафтиш мешавам, ин қадар аз сухан гуфтан бо мо эҳтиёт мекунанд. Навбатам омад, телефонамро чун телефони нафарони дигар гирифтанд, даромадам, ба сухан шурӯъ кардам, ҳоло мақсадро нагуфта, аризаатро супор мебинанд, инҷо ҷойи гапи бисёр нест, аз дасти мо чӣ меояд, гуфт нафаре, ки дар тарафи дасти рости муовин нишаста буд. Хушбахтона, муовини аввали раис дурандешона бо дарки мафҳуми “аз дасти мо чӣ меояд?” гуфтаи шахси дар наздаш нишаста, ба ман ишора карда гуфт, идома диҳед. Аз беадолатии суди зинаи аввал ва марҳилаи кассатсионӣ, ки нисбат ба ман анҷом дод, шикоят бурдам. Ба ҳамаи он нафароне, ки ҳузур доштанд, бо далелҳои қонунӣ исбот намудам, ки суди зинаи аввал ва марҳилаи кассатсионӣ нисбати ман ғайриқонунӣ рафтор кардааст. Муовини аввали раис гуфт, рӯҳафтода нашавед, боз шикоят нависед, то аз нав мўшикофона мавриди баррасӣ қарор гирад. Бо оне, ки кӯмак намекунанд ё кадом омиле шояд садди роҳ бошад, аммо бегуноҳ буданамро медонанд, маслиҳатро дареғ намедоранд ва намегузоранд, ки рӯҳафтода шавам.
Бо ин назардошт ариза ва ҳуҷҷатҳоеро, ки ғалати ҳукми суди ноҳияи Шаҳринав ва марҳилаи кассатсиониро баръало собит месозанд, аз ҷумла, қарори колхози «Ленинград»-и н.Ҳисор аз соли 1984, парвандаи танзими замин аз соли 2008, қарори раиси ҷамоати деҳоти Чузӣ аз соли 2008, нусхаи харитаи маҳал аз соли 2008, нақшаи замини наздиҳавлигӣ аз соли 2008, қарори Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2017, №554, шиносномаи техникӣ аз соли 2020, лоиҳаи ангоравии кумитаи меъмориро барои баррасӣ боз аз нав ирсол намудам, то адолат тантана ёбад.
Қарори бемантиқ бо асосҳои хандаовар
Пас аз як моҳ судя Аҳмадзода Ҷ.А. қарор дар бораи беқаноат мондани шикояти назоратии ман содир намуд, ки бо далелҳои хандаовару ғайриқонунӣ маро дар ҳайрат гузошт. Мавсуф қарорро бо далелҳои зерин асоснок намудааст: яъне ду маротиба Сатторов Ҳ. ба бойгонӣ дар бораи қарор муроҷиат карда, ҷавоби рад гирифта, маротибаи 3-юм қарор пайдо шудааст ва ҳуҷҷатҳои Сатторов Ҳ. нусхабардорӣ ва бо тарзи дахлдор тасдиқ нашудаанд. чӣ гуна ҳамин ваҷҳҳо метавонанд шикояти маро беқаноат монад, дар ҳоле, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои ман ба таври дахлдор тасдиқ шуда буданд (асос: Қарор ва ҳуҷҷатҳо).
Вохўрӣ ва суҳбат бо раиси Суди Олӣ
Баъд аз 6 моҳи саргардонӣ бо раиси Суди Олӣ муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён суҳбат намудам. Раис дастур дод, то ба шикояти ман муовинаш Исҳоқӣ Амирхон, ки ҳамон лаҳза дар саҳни идораи суд буд, гўш диҳад. Ба дафтари кории Исҳоқӣ Амирхон ворид шудем, масъаларо фаҳмондам, ҳуҷҷатҳоямро диданд, боварӣ ҳосил карданд, ки ман бегуноҳам ва гуфтанд, ки ба раис мерасонам. Аз байн қариб ду моҳ гузашт, боз аризаи маро беқаноат гузоштанд (асос: ариза аз 2.04.2021 ва қарори беқаноат аз 31.05.2021). Боз баъди як моҳ бо раиси Суди Олӣ суҳбат намудам. Дар асоси дастури раиси Суди Олӣ ёрдамчии раис маро ба утоқи кории муовин Исҳоқӣ Амирхон бурду боз ду нафари дигарро низ даъват кард, яке сардори раёсати арзу шикоятҳо Суҳроб Сафарзода, дигарӣ раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои шаҳрвандӣ Тоҳир Қодирзода. Зимни суҳбат бо санаду далелҳое, ки дар асоси қонун доштам, собит намудам, ки бегуноҳам ва масъулини таъйиннамудаи раисро боз боваркунонидам, ки бегуноҳам. Дар ниҳоят ба хулосае омадем, ки боз ариза барои аз нав дидан нависаму ҳуҷҷатҳоро ба таври дахлдор тасдиқ намуда, барои аз нав баррасӣ кардан ирсол дорам. Аризаро омода намудаму ҳуҷҷатҳоямро тибқи боби 1, моддаи 10-и Қонуни ҶТ дар бораи ҳуҷҷатҳои электронӣ ё ҳомили коғазӣ омода намуда, дар ҳаҷми 57 саҳифа барои баррасӣ ба Суди Олӣ ва Кумитаи идораи замин ирсол намудам (асос: ариза аз 02.06.2021).
Хулосаи Кумитаи замин низ маро бегуноҳ донист
Кумитаи идораи замин ва геодезии ҷумҳурӣ барои ҳалли мушкилотам дар доираи қонун дастур дод, ки заминро дар маҳал боз аз сари нав мўшикофана мавриди санҷиш қарор дода, ба ман хулосаи воқеӣ пешниҳод намоянд, то ман дар Суди Олӣ бегуноҳиямро исбот намоям. Кумита дар асоси аризаи муроҷиатии ман заминро дар маҳал мавриди санҷиш карор дода, ҳуҷҷатҳои маро аз идораҳои дахлдор дастрас намуда, дар 2 мактуби расмӣ, яке таҳти мавзўи “Оид ба баҳси қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз 19-уми марти соли 2021” ва дигарӣ таҳти мавзўи “Оиди муайян намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз 2-юми феврали соли 2021” чунин хулоса дод: Дар замини наздиҳавлигии шаҳрванд Сатторов Ҳ. ҳамаи ҳуҷҷатҳои дахлдор ба тасвиб расидаанд ва замини шаҳрванд дар асоси қарор ва ҳуҷҷатҳои мавҷуда 0,12 га буда, ҳангоми санҷиш муайян карда шуд, ки замини мазкур аз 0,12 га камтар, яъне 0,1192 га мебошад (асос: мактуби Кумитаи идораи замин ва геодезии ҶТ аз 19.03.2021, №2/61308.(9.35)). Дар мактуби 2-юм таҳти мавзўи “Оиди муайян намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ” аз 2-юми феврали соли 2021 чунин иттилоъ дода шудааст, ки қитъаи замини наздиҳавлигии шумо дар тарҳи 893/5-и харитаи заминистифодабарии Ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав, ки аз тарафи ИЛТ “Фазо” соли 2017 ба ҳисобгирии давлатӣ гузаронида ва бо қарори Ҳукумат аз 29-уми ноябри соли 2017, таҳти №554 тасдиқ карда шудааст, ҷойгир буда, мансуби заминҳои маҳали аҳолинишин ва тибқи тавзеҳи заминҳои маҳали аҳолинишини деҳаи Чамбул ба Шумо тааллуқ дорад (асос: мактуби Кумитаи идораи замин ва геодезии ҶТ аз 02.02.2021, №2/5-472 (935)).
Дар асоси хулосаи масъулини Кумитаи идораи замин бояд суд замини маро, ки аз меъёр кам баромаду ман тайи ин солҳо андоз барои 0,1276 га месупоридам, барқарор мекард, аммо худи маро намедонам барои чӣ ғайриқонунӣ гунаҳгор донист.
Талошҳо самар дод, Суди Олӣ ба бегуноҳиям бовар кард
Баъди хулосаи Кумитаи идораи замин, ки фосилаи 6 моҳро ташкил медиҳад, муҳтарам Тағозода А.С., судяи Суди Олӣ ба унвонии ман мактубе ирсол дошт, ки чунин навишта шудааст: ҳуҷҷатҳои иловатан пешниҳоднамудаи Сатторов Ҳ., аз қабили қарори раиси Ҷамоати деҳоти Чузӣ аз 28-уми марти соли 2008 таҳти №11 ва замимаи №1 ба он, маълумотномаи филиали бойгонии марказии давлатӣ дар шаҳри Ҳисор аз 1 марти соли 2021, таҳти №01/10-183 дар рафти тафтиши пешакӣ ва судӣ пешниҳод ва мавриди таҳқиқ қарор дода нашудааст ва тибқи талаботи қисми 1-и моддаи 419-и КМҶ ҶТ ҳуқуқи аз нав сар кардани пешбурд, бинобар ошкор шудани ҳолатҳои нав ба прокурор тааллуқ дорад ва метавонед ба Прокуратура муроҷиат намоед (мактуб аз 9.08.21, №20-377/21). Мехостам ин нуктаи фаромӯшшударо ёдовар шавам, ки моддаи 419-ин аз нав сар кардани пешбурд мебошад ва тибқи талаботи қисми 1-и ҳамин модда ҳуқуқи аз нав сар кардани пешбурд, бинобар ошкор шудани ҳолатҳои нав ба прокурор тааллуқ дорад, аммо ба истиснои ҳолати дар қисми 5-и ҳамин модда мебошад. Қисми 5-и моддаи мазкур чунин мефармояд, ки: аз нав дида баромадани ҳукм, таъйинот ё қарори суд бинобар ҳолатҳои ошкоргардидаи сархати чоруми қисми 1-и моддаи 421-и Кодекси мазкур бо пешниҳоди раиси Суди Олӣ аз ҷониби раёсати Суди Олӣ дар муҳлати на дертар аз як моҳ аз лаҳзаи ворид шудани пешниҳод баррасӣ мегардад. Суд ҳуқуқ дорад, ки парвандаро бинобар асосҳои нав ошкоршуда аз нав баррасӣ намояд. Вақте ки бо судя Тағозода А.С. суҳбат кардам, гуфтаҳои қонунро як-як мисол овардам, пай бурдам, ки бисёр инсони адолатхоҳу ҳақиқатҷў ва дорои донишу таҷрубаи кофиянд ва ҳаминро бароям гуфт, ки аз дастам танҳо ҳамин омад, аммо ҳуҷҷатҳои шуморо касе рад карда наметавонад, чунки қонунӣ таҳия шудаанд, бо ҳамин маром ба сўи адолат қадам занед. Ба ин ки гўё ҳуҷҷатҳои ман нав ошкор шуданду дар рафти тафтишоти пешакӣ ва судӣ набуданд, розиям аммо боз ҳам чаро ҳукми ғайриқонуниро бекор кардан намехоҳанд, намедонам. Муроҷиати ман аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Прокуратураи генералӣ ирсол гардид. Прокуратура тибқи талаботи қисми 4-и моддаи 250 КМҶ, ки баъди ба суд ирсол гардидани парванда бевосита ҳамаи дархосту шикоятҳо ба суд ирсол карда мешавад, шикояти маро мавриди баррасӣ қарор надода, ба унвонии Суди Олӣ барои баррасӣ намудан ирсол намуда, дар асоси мактуби расмӣ хаттӣ маро огоҳ намуд (асос: Мактуби Прокуратураи генералӣ).
Ваҳ, ки дар ин хаёли каҷ умри азиз шуд талаф...
Ҳуҷҷат дорам, намедоштам ҳам дар кирдори ман аломатҳои таркиби ҷинояти дар моддаи 338, қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (Худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он) ҷой надорад!
Новобаста аз оне, ки ман ғайр аз иҷозатномаи “Архитектура” оид ба сохтмони манзили истиқоматӣ дигар ҳаммаи ҳуҷҷатҳоро дорам, агар ягон ҳуҷҷат ҳам намедоштам, дар кирдори ман аломатҳои таркиби ҷинояти дар моддаи 338, қисми 2-и КҶ ҶТ ҷой надошт, чунки мувофиқи талаботи сархати 3-и қисми 2-и қарори Пленуми Суди Олӣ таҳти №3 аз 25 июни соли 2012 худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он дар сурате хотимаёфта ҳисобида мешавад, ки агар шахс қитъаи заминро ғайриқонунӣ ишғол намуда, ба оғози корҳои зерин, аз ҷумла деворгирии (таворакашӣ) қитъаи замин, истифодабарии он, ҷуфт, сохтмон кардан ва ғайраҳо шурўъ намуда бошад. Аз банди 2-и қарори зикршудаи Пленуми Суди Олӣ бармеояд, ки то бо Қонуни ҶТ аз 25 марти соли 2011 таҳти №694 ворид намудани тағйирот ба моддаи 338-и КҶ, на худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва на сохтмони худсарона дар он бидуни қаблан ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудани шахс таркиби ҷиноятро ташкил надода, танҳо асос барои ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудан метавонистанд. Аз ин лиҳоз, тибқи муқаррароти қисми 3-и моддаи 13-и КҶ ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ин кирдор танҳо дар он ҳолат ба миён меояд, ки ҳам худсарона ишғолкунии қитъаи замин ва ҳам сохтмони худсарона дар он, баъди эътибори қонунӣ пайдо намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2011 таҳти №694 содир шуда бошанд. Замини ман, ки қарор аз соли 1984, қарор аз соли 2008 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз соли 2017 низ дорад, ба ҳеҷ ваҷҳ худсарона ғасбшуда нест, чунки ин заминро мо баъди эътибори қонунӣ пайдо намудани Қонуни ҷумҳурӣ аз 25 марти соли 2011 ба истифода нагирифтаем, 60 сол мешавад, ки дар истифодаи оилаи мост ва молиётро пардохт мекунем (асос: ҳуҷҷатҳо ва нишондодҳои шоҳидон, ки дар ҳукми суди ноҳияи Шаҳринав дарҷ шудаанд).
Бо назардошти оне ки бегуноҳиям собит шуд, дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамуда, тибқи талаботи қисми 5-и моддаи 419-и КМҶ ҶТ, ки: аз нав дида баромадани ҳукм, таъйинот ё қарори суд бинобар ҳолатҳои нав ошкоргардидаи сархати чоруми қисми 1-и моддаи 421-и Кодекси мазкур, ки бо пешниҳоди раиси Суди Олӣ барои баррасӣ дар раёсати Суди Олӣ амалӣ карда мешавад, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ҳукми ғайриқонунии суди ноҳияи Шаҳринав аз 14 январи соли 2021, таъйиноти судӣ аз 9 марти соли 2021, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда, бекор карда шуда, пешбурди парвандаи ҷиноятӣ нисбати ман, бинобар дар кирдорам ҷой надоштани аломати ҷиноят, қатъ карда шавад.

Ҳабибулло Сатторов, омўзгор
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: