
АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ: Имрӯз маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, таҳти раёсати раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимзода баргузор гардид.
Дар рӯзномаи кории маҷлис масъалаҳои “Дар бораи натиҷаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар семоҳаи аввали 2022”, “Дар бораи натиҷагирӣ аз ташаббуссҳои ҳизбӣ дар семоҳаи аввали соли 2022”, “Дар бораи даъвати Конференсияи ғайринавбатии ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ” ва “Дар бораи тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оиди қабули аъзои нав ба сафи ҲХДТ дар семоҳаи аввали соли 2022” мавриди барраси қарор дода шуданд.

Дар кори маҷлиси мазкур намояндаи Кумитаи Иҷроияи вилоятии ҳизбӣ мудири шуъбаи таблиғотии Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Худойдод Ёров ва аъзои Кумитаи Иҷроияи вилоятию ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармуҳаммад Абдураҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамаи масъалаҳои дар рӯзнома корӣ пешниҳод гардида баррасӣ ёфта нисбати онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.