Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲХДТ СОЛИМИИ ДАВЛАТ ВА ПОЯНДАГИИ ОНРО ТАЪМИН МЕНАМОЯД

ҲХДТ СОЛИМИИ ДАВЛАТ ВА ПОЯНДАГИИ ОНРО ТАЪМИН МЕНАМОЯД

24-08-2021, 14:42
Хабарро хонданд: 76 нафар
Назарҳо: 0
ҲХДТ СОЛИМИИ ДАВЛАТ ВА ПОЯНДАГИИ ОНРО ТАЪМИН МЕНАМОЯД


АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунон тибқи барқияи телефонӣ аз 16 августи соли 2021 таҳти №1/2-61, оиди баргузории чорабиниҳои тантанавӣ таҳти унвони “Даҳаи тантанаҳо” бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои самарабахшеро ба сомон расонида истодаанд.

Дар ҳудуди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ободонии ноҳия ва маркази он, бо инфрасохтор ва иншооти ёрирасон таъмин намудани он диққати махсус дода шуда, таъмири биноҳо, сафолакпӯш намудани роҳравҳо, таъмири хати об, дигар намудани симои меъмории шаҳрак ба роҳ монда шудааст.

Дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба соҳибкорони маҳаллӣ,ки бевосита аксарашон узви ҲХДТ мебошанд рӯҳу илҳоми тоза бахшида, онҳо мекӯшанд дар корҳои ободониву бунёдкорӣ саҳми худро гузоранд.

Ин аст,ки бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки бевоситаи раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармуҳаммад Абдураҳмон, раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимзода ва намояндаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абӯбакр Сафарзода дар деҳаи роҳи “Сотсиализм”-и ҷамоати деҳоти Каленини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Самандар Ҳақов як дорухонаи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд.

Мувофиқ ба иттилои дастрас бинои мазкур аз 2 ҳуҷра иборат буда, дорои 2 ҷойи кори доимӣ мебошад ва ба сокинони ду маҳаллаи калон ба зиёда аз 500 хоҷагӣ хизмат мерасонад.

Сокинони деҳаи мазкур бар он назаранд, ки дар арафаи иди Истиқлолият орзуи деринаи онҳо амалӣ гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: