Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳадафҳои олии ҲХДТ-ро таъмин месозем

Ҳадафҳои олии ҲХДТ-ро таъмин месозем

12-03-2019, 05:02
Хабарро хонданд: 11 нафар
Назарҳо: 0
Ҳадафҳои олии ҲХДТ-ро таъмин месозем

А.ҶОМӢ.Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Маҷлиси васеи Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Муҳаммаддовуд Ҳалимов бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Баҳодурзода Абдуҷаббор Саттор ва раисону фаъолони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси мазкур масъалаи «Дар бораи қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, аз 20 феврали соли 2019, «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар соли 2018 ва вазифаҳои минбаъдаи сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказӣ, санаи 7-феврали соли 2019 ироа гардид» мавриди баррасӣ қарор ёфта, нисбати он қарори дахлдор қабул карда шуд.

Ҳамчунин, аз ситоди обуна натиҷагирӣ карда шуда, ҷойи якум ба ташкилоти ҳизбии “Иттифоқ”, ҷойи дуюм ба ташкилоти ҳизбии “Шаҳрак” ва ҷойи сеюм ба ташкилотҳои ҳизбии “Қ.Ғиёсов” ва “Дӯстӣ” сазовор дониста шуда, бо Сипосномаю мукофотҳои ҳизбӣ сарфароз гардонида шуданд.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: