МАРОМИ МО ИСТИҚБОЛИ САЗОВОР АЗ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ3-08-2021, 10:20
Хабарро хонданд: 259 нафар
Назарҳо: 0
А. ҶОМӢ. Қариб, ки ҳаррӯза ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни пуршукӯҳи миллӣ 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ноҳия, алалхусус маҳаллаҳои ҳудуди шаҳраки ноҳия суҳбату мулоқотҳои судманд доир гардида истодааст. Дар вохӯрию суҳбатҳо Муҳаммаддовуд Ҳалимзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Амонзода Абдураҳим вакили маҳаллӣ, раиси ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷалби вакилони ҳизбӣ ва дигар аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ иштирок намуда истодаанд. Дар ҷараёни суҳбату мулоқотҳои доиршуда Муҳаммаддовуд Ҳалимзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, вакилони маҳаллӣ ва дигар аъзои гурӯҳи таблиғотӣ қайд намуданд, ки саҳм гузоштан ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ, созандагӣ тоза ва рангубор намудани хона, кӯча, маҳалла ва шаҳрак ин вазифаи ҷоноҷони ҳар фарди худогоҳу худшиноси ҷомеа мебошад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.