…
Садоқат ба Ватан, ифтихор аз гузаштаву имрўза, ватандори асил будан-яке аз рукнҳои асосӣ дар шинохти миллӣ дониста мешаванд. Атрофи ин мавзуъ, суҳбате оростем бо директори Муассисаи давлатии Маҷмааи “Кохи ваҳдат ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Ёқуб Борон:
-Яке аз пояҳои асосии зиндагиномаи бошарафи инсонӣ, ватандориву ватанпарастӣ ва осудагиву амнияти шаҳрвандӣ мебошад. Ба андешаи Шумо кӣ ватандўсту ватандори асил шуда метавонад?
- Ватандўсту ватанпарасти асил шахсе шуда метавонад, ки амали ҳар рўзааш ба нафъи Ватан бошад. Хушбахтона, чунин афрод дар Ватани азизамон бисёр буданду ҳастанд. Пешоҳангони онҳо дар замони тақдирсоз фарзандони фарзонаи миллат – Қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шотемур мебошанд, ки ҳаёт ва кору пайкори онҳо барои бақои миллат ва давлати тоҷикон ниҳоят бориз мебошад.
Аз дигар сў, ватанпарвару ватандўсти асил касе буда метавонад, ки муқаддасоти миллӣ – забони модарӣ, фарҳанг, Суруди миллӣ, Парчам ва Нишони давлатиро эҳтиром мекунад; ба арзишҳои маънавии миллат арҷ мегузорад; ба гузаштаи пурифтихори хеш такя карда, аз панду андарзи ниёгон сабақ мегирад. Ватандориро мояи зиндагию ифтихораш дониста, истиқлолияти Ватанро бузургтарин дастоварди зиндагии хеш мешуморад ва барои пойдорӣ ва мустаҳкамии истиқлоли Ватан содиқона хизмат мекунад. Нисбат ба тақдиру сарнавишти миллату Ватани хеш бетарафиро ихтиёр намекунад, барояш дастоварди Ватан дастоварди худаш аст, саодати ҳамватанаш саодати ўст, Тоҷикистонро азизу ягона медонад.
Мо, тоҷикон, яке аз миллатҳои қадиму тамаддунофарем ва дар шаклгирии афкори башарият нақши бузург дорем. Айни замон, ин миллати сарафроз дар дарозои таърихи пурифтихори мавҷудияти худ ҳазорҳо мушкилиҳоро паси сар карда, мисли самандар аз миёни тудаи хокистар эҳё гаштааст. Таърих гувоҳ аст, ки ҳуҷумҳои Искандари Мақдунӣ, арабҳои истилогар ва тохтутози чингизиён балоҳои зиёдеро ба сари мардуми тоҷик овардаанд. Аммо тоҷикон ба ҳамаи ин мушкилиҳо тоб оварда, забон ва ҳуввияти миллии худро ҳифз намуданд. Ин ҳам яке аз мазмунҳои бузурги миллатдўстиву ватанпарвариамон дониста мешавад.
Бояд гуфт, ки дар ватандўсту ватанпарасти асил шудани миллат саҳми фарзанди фарзонаву баруманди тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо калон аст. Агар гўем, ки шахсан ин абармарди арсаи сиёсат дар шукуфоии Тоҷикистон, беҳдошти зиндагии мардуми кишвар саҳми тақдирсоз дорад, ҳеҷ хатое нахоҳем кард.
- Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва яке аз рукнҳои муҳимтарини тарбияи инсон ба шумор меравад. Заминаҳои ватандориву ватанрастӣ чӣ гуна нумуъ меёбанд?
- Агар мо атрофи заминаҳои асосии нумуи тарбияи ватандориву ватанпарастӣ ибрози андеше намоем, пеш аз ҳама бояд атрофи заминаҳои таҳкимёбии он бояд ҳарф занем. Таҳкурсӣ ва таҳкими он аз даврони тифлӣ сарчашма мегирад ва тадриҷан бо гузашти айём ва таъсироти таълиму тарбия шакл мегирад. Аслан, дар ҳама давру замон тарбия аз оила оғоз шуда, дар кўдакистон, мактаб, муҳити атроф, инчунин дар хондан, дидан, вохўриҳо бо номварони Ватан, радио, телевизион, матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои таъсиррасон рушд меёбад. Муҳимияти тарбияи ватанпарастӣ дар он аст, ки он бояд фарогири тафаккури тамоми шаҳрвандон дар ҷомеа бошад. Зеро дўст доштани Ватан, ҳимояи марзу буми он, эҳтиром намудани арзишҳои миллиамон вазифаи муқаддаси ҳар фарди солимфикри ҷомеа ба шумор рафта, дар эмин нигоҳ доштан, пешрафту таҳкими сохтори давлатдориамон манзалати махсус дорад. Сарвари муаззами давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон таъкид карда буданд: «… Ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона ба Ватан хизмат кардан вазифаи фарзандӣ ва қарзи имониву инсонии ҳар яки мо дониста мешавад ва мақсаду мароми ягонаи мост!».
- Истиклолият падидаи бузургест барои ҳар миллати ватандору озодихоҳу ватанпараст, вале онро набояд ҳамчун мафҳуми ифтихорӣ бештар ба забон орем, балки дар таҳкими пояҳои устувори он ҷахду чадал намуда, арзишхои давлатамонро бояд ҳифз намоем. Атрофи ин мазмун чӣ андеша доред?
– Бале, истиқлолият барои мардуми озодандешу озодипараст мояи ифтихор аст, вале чӣ хеле, ки шумо қайд кардед, набояд онро мо ҳамчун падидаи ифтихорӣ бештар ба забон орем, балки барои устувории он бояд бештар саъй намоем. Баъди ҳазор сол миллати тоҷик тавонист, ки дигарбора соҳиби давлату соҳибихтиёрии худ гардад. Ва ин дастовард барои миллати тоҷик роҳи нав, роҳи пешрафту дигаргунӣ, худшиносии миллиро эҳё намуд.Имрўз хар як шахрванди кишвар вазифадор аст, ки ба қадри ин ганҷинаи бебаҳо бояд расад ва ҳифзи онро вазифаи муқаддаси худ донад.
Дар тўли таърих давлатҳое буданд, ки истиқлолияти комил ба даст оварданду онро пос нигоҳ дошта натавониста, аз даст доданд. Аз ин рў, моро зарур аст, истиқлолияти миллиямонро аз ҳар гуна хатар эмин нигоҳ дорем ва таҳти идеологияи устувор ва созанда муттаҳид шавем.
Аллома Иқболи Лоҳурӣ хеле хуб гуфта:
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Бале, имрўз ояндаи миллатамон дар дасти худи мост ва бо тақозои тақдиру лутфу эҳсони Асосгузори сулху вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бароямон ин давлати озоду сохибистикқлол насиб шуд ва мо бояд дар паҳлўи ин марди шариф ва фарзона истода, кору фаъолият намоем. Дар давоми 30 соли сохибистиклолӣ худ шоҳиди он будем, дидем, маҳз тавассути Сарвари қавииродаамон ба қуллахои баланди зиндагиномаи инсонӣ расидем. Сарвари давлатамон баҳри манфиати халқу Ватан, ободии кишвар тамоми ҳастияшонро бахшида, исбот нсмуданд, ки дар хақиқат дилсўзи миллати хеш ҳастанд.
- Дар саҳифаи таърихи башарият ва халқу миллатҳо рўйдодҳое ба вуқуъ омадаанд, ки чун тимсоли шукуҳмандиву ватандорӣ, як давраи пурифтихори эҳёгарӣ ва замони шукуфоию сарсабзиҳоро дар худ таҷассум кардаанд.
Ҳаракатдиҳандаи ин ниятҳои тақдирсоз ҳамеша шахсиятҳои шинохтаи таърихие будаанд, ки бо иродаи ғайриодии худ ҷомеаро ба ҷаҳони пурнур, зиндагии босаодат ва ормонҳои ҳазорсолаи мардумро ба ҳам тавъам сохтаанд.
- Бале дуруст гуфтед, тадриҷан амалӣ гаштани самтҳои стратегии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боис ба он шуда истодааст, ки рушди ҳамаҷиҳатаи мамлакат, сатҳи некуаҳволии аҳолӣ беҳтар гардад. Таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат яке аз ҳадафҳои стратегии сиёсати давлатии Тоҷикистон буда, дар доираи он бунёду барқарорсозии Нерўгоҳи барқи обии “Роғун” бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ободии Ватан ҷабҳаи заҳмати созанда эълон гардид.
Таҷдид ва эҳёи сохтмони НБО «Роғун» аз ҷумлаи иқдомҳои сарнавиштсозе буд, ки Пешвои миллат бо камоли ҷасорату хирадмандӣ ва бо такя ба иродаи мардуми Тоҷикистон ба он ҳусни ооз бахшид. Ҳамчунон, ки Пешвои миллат худ фармудаанд: «Имрўз таърих бар дўши мову Шумо –мардуми шарафманду сарбаланд ва озодаву худшиноси тоҷик боз як рисолати бузург-бунёди кохи нурро гузоштааст. Ин барои насли мо ҳам масъулияти азим ва ҳам ифтихору шарафи бузургест».
Оре, НБО “Роғун” натанҳо метавонад эҳтиёҷоти рўзафзуни Тоҷикистонро бо нерўи барқ дар ҳамаи фаслҳои сол таъмин намояд, балки тавону қудрат дорад, ки Тоҷикистонро ба кишвари бузурги содиркунандаи нерўи барқ табдил дода, ба тараққиёти беназир ва босуръати тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ мусоидат намояд.
- Бале дуруст гуфтед. Мехостам илова намоям, ки ин неругоҳ дар раванди амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллии кишвар, таъмини истиқлолияти энергетикии давлати мо мавқеъ ва манзалати махсус дорад
- Дуруст, рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон, чуноне, ки ман дар боло гуфтам, барои тараққӣ додани соҳаи истеҳсолот, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ нақши хоса дорад. Чи тавре, ки аз Паёмҳои Сарвари давлат бармеояд, рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти пурраи энергетикӣ ғайриимкон аст, бинобар он, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди босуботи соҳаи энергетика ҳамаҷониба мусоидат менамояд.Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои тадбиқкунандаи «Иқтисодиёти сабз» маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98%-и барқ тавассути нерўгоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мешаванд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфтани НБО “Роғун” эҳтиёҷоти дохилии кишвар ба нерўи барқ ба пуррагӣ таъмин гашта, Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои азими содиркунандаи нерўи барқ табдил меёбад, ки эътибору шуҳрати Ватани азизамонро баланд бардошта, мавқеъи онро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам мустаҳакам мегардонад. “Роғун” барои наслҳои оянда мероси гаронбаҳо буда, муаррифгари шоҳкориҳои наслҳои имрўза дониста мешвад.
НБО “Роғун” имрўз мояи ифтихор ва шарафимандии ҳар ватандору ватанпарасти тоҷик аст.
Таърих ва воқеияти зиндагии оянда исбот хоҳад кард, ки сохтмони муҳташами аср – Неругоҳи барқи обии “Роғун” на танҳо боиси пешравии иқтисоди кишвар ва ғанӣ гардидани буҷети давлат мегардад, балки обрў ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайси давлати худкифо дар миқёси байналмилалӣ боло мебарад. Ҳамаи гуфтаҳо илҳомбахши эҷод гардида, аз хома чунин абёт мечакад:
“Роғун” бақои миллату меҳру вафои мо,
Файзу барору гунаи обу ҳавои мо.
Бунёд ёфт, бо хиради Пешвои мо,
Як хуршеди дигару нуре барои мо.
Шуҳрат фузуд миллати моро дар ин ҷаҳон,
Сад шукри кони гармию нуре дар ин замон
“Роғун” саодат асту шараф бар диёри мо,
“Роғун” баҳор, ҳусни нави рўзгори мо.
Суҳбаторо, Тағоймурод ОРИФӢ