Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷавонон бояд миллату давлати худро обод намоянд

Ҷавонон бояд миллату давлати худро обод намоянд

4-03-2016, 08:30
Хабарро хонданд: 304 нафар
Назарҳо: 0
Ҷавонон бояд миллату давлати худро обод намояндДар маҷлисгоҳи Маркази миллии тиббӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҷамшед Саидов ва раиси кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Раҷабова бо фаъолон ва аҳли ҷомеаи шаҳрвандии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷиҳати шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир намуданд. Дар ин вохӯрӣ Ҳайдар Гулаҳмадов, муовини раиси ноҳияи Сино низ иштирок кард.

Ҳайдар Гулаҳмадов, бо баёни ҳадаф ва мақсади вохӯрии мазкур ҷамъомадро ифтитоҳ намуда, суханро барои шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёри вакилон гузошт.

Лутфия Раҷабова дар баромади худ паҳлуҳои муҳими Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро мавриди баррасӣ қарор дода, дар асоси он аз фаъолияти парлумони кишвар ҷиҳати таҳияи қонунҳо ва зарурати тағйиру иловаҳо дар баъзе аз моддаҳои Конститутсия суҳбат намуд.

Сипас Ҷамшед Саидов тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сар-қонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавандаро барои ҳозирин шарҳ дод. Мавсуф зарурати тағйиру иловаҳо ба ин санади муҳимро дар асоси хоҳишу дархости шаҳрвандон ва талаби замон донист.

Ӯ мегӯяд як масъалаи муҳиме, ки шарҳи онро зарур мешуморем ин тағйиру илова дар боби 19 моддаи 49-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар асоси талаби шаҳрвандон ва тақозои замон ба миён омад. Дар ин қисмат мо кӯшишу ғайрат ва истеъдоди ҷавононро ба назар гирифта ҳуқуқи иштирок дар интихоботҳои президентӣ ва парлумониро барои онҳо додем, то ин ки ҷавонони ба сини 30-сола расида ҳуқуқи дар мансабҳои давлатӣ ва парлумони кишвар фаъолият карданро пайдо намоянд. Мавсуф дар такя ба ин қисмати масъала иброз дошт, ки мо намехоҳем ҷавонони лаёқатманди моро ба хотири донишу малакаашон давлатҳои хориҷ ба худ ҷалб намоянд. Бинобар ин, сини интихобшавандаҳоро ба 30 пойин овардем то онҳо тавонанд дар давлату миллати худамон кору фаъолият намоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: