Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » “АЗ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН ИФТИХОР ДОРЕМ”

“АЗ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН ИФТИХОР ДОРЕМ”

16-02-2022, 09:29
Хабарро хонданд: 298 нафар
Назарҳо: 0
“АЗ МУҲОФИЗОНИ  ВАТАН ИФТИХОР ДОРЕМ”

Дар доираи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳр бахшида ба таҷлили 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 051055-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Аз муҳофизони Ватан ифтихор дорем” вохӯрӣ ва дидорбинии ҷавонони синни даъватиро баргузор намуд.
Дар чорабинии мазкур Файзуллозода З.Ф. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Ҳомидзода Н.Ҳ. – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Собириён М.М. – муовини Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ – тарбиявӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Инчунин, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон дар чорабинии мазкур аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия ва ҷавонони синни даъватӣ иштирок намуданд.
Аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия ва ҷавонони синни даъватӣ зимни боздид аз қисми ҳарбӣ бо муҳиммоти ҷангӣ ва ҳолати хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаи кишвар аз наздик шиносои пайдо намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: