ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА 26-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН31-08-2017, 10:24
Хабарро хонданд: 854 нафар
Назарҳо: 0
Бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Сино ва дастгирии роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар Гвардияи миллии Ҷумхурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ –фарҳангӣ бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон ва 22-солагии таъсисёбии Гвардияи милии Ҷумҳурии Тоҷикистн гузаронида шуд. Дар қисмати сиёсии чорабинӣ, ки дар толори маҷлисгоҳи Гвардияи миллӣ баргузор гардид, Тоирзода Дилшод Амон-Муовини Фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, генерал-майори гвардия, Изатуллои Ҳабибзод -Муовини Раис-Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Таваккал Камолов -мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Сайдалӣ Шамсов-мудири шуъбаи кор бо ҷавонон-роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Сино, Маҳмадназар Нуров-мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва дигар афсарони баландрутбаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣкарданд. Изатуллои Ҳабибзод -Муовини Раис-Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино нахуст ҳамаи афсарону сарбозонои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз номи Файзуллозода Зарина-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино бо фарорасии 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон ва 22-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Мавсуф зикр кард, ки саҳми афсарону сарбозони Гвардияи миллӣ дар оромиву суботи ҷомеаи навини тоҷикон назаррас аст. Дар сафҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари мардон бонувон низ содиқона кору фаъолият намудаистодаанд, ки боиси ифтихор аст гуфта шуд дар идома. Ҳамчунин Изатуллои Ҳабибзод оиди ҳаводиси ҷаҳони имрӯз ва бархурди тамаддунҳои ҷаҳонӣ ирози андеша кард. Зикр гардид, ки дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ моро лозим аст, ки беш аз ҳарвақта зирак бошем, барои ҳифзи фарҳанги миллии худ ва ҳимояи марзу буми кишварамон ҳамеша омода бошем. Дар идома оиди ба таври камхароҷот доир намудани ҷашну маросимҳо ва маросимҳои азодорӣ дар асоси талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҳамаи афсарону сарбозони ин ниҳоди қудратии мамлакат тақозо карда шуд. Инчунин дар идома Таваккал Камолов-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Сайдали Шамсов – Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Сино суханронӣ намуда афсарону сарбозони қисми низомиро бо ҷашнҳои дар пеш истода табрик намуданд. Дар қисмати сиёсии чорабинӣ Тоирзода Дилшод Амон-Муовини Фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, генерал-майори гвардия аз ташаббуси навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино изҳори миннатдорӣ кард. Зикр карда шуд, ки афсарону сарбозони Гвардияи миллӣ бо нишон додани интизоми баланди ҳарбӣ ва садоқат ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша баҳри пойдории сулҳу ваҳдат дар кишвар талош хоҳанд кард. Дар фаромади қисмати сиёсии чорабинӣ ба афсарону сарбозони Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Қисмати фарҳангии чорабиниро санъаткорони Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев, Алишер Қаноатзода, Маҳбуба Бобоҷонова ва Ҷумахон Исмоилов бо сурудҳои дилошуби худ дар васфи Модар-Ватан, истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва табиати дилфиребонаи Тоҷикистон рангин намуда, хотири афсарону сарбозони Гвардияи миллиро шод карданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.