Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ-ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 25 СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИИ ТОҶИКИСТОН

ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ-ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 25 СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИИ ТОҶИКИСТОН

22-02-2018, 09:08
Хабарро хонданд: 281 нафар
Назарҳо: 0
ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ-ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 25 СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИИ ТОҶИКИСТОН
Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе имрӯз бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Раҳмонзода З.Ф., Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Файзуллозода З.Ф., муовини Фармондеҳи Қувваҳои ҳарби-ҳавои ва мудофиаи зиддиҳавои оид ба корҳои сиёсӣ - тарбиявӣ – Ҳотамиён А.Ҳ., муовини Раиси ноҳияи Сино - Маҳмуродзода М.Б., мудири шуъбаи ҷавонони КИМ ҲХДТ – Ҳомидов И., раисони Кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳи Душанбе, намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” афсарону сарбозони қисмҳои низомии 07006, 07033 ва намояндагони ВАО чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ бахшида ба 25 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳуриии Тоҷикистон баргузор гардид.

Сараввал иштирокчиён ва меҳмононро роҳбарияти қисми низомии 07006 дар назди даромадгоҳи қисми низоми қабул намуда ин ҳайатро бо дастовардҳои дар давоми 25 соли фаъолият ба даст оварда шинос намуданд. Дар саҳни қисми низоми намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба тамошои меҳмонон гузошта шуда буд, ки аз тарафи ҳунармандони шаҳраку маҳаллаи ҳудудди ноҳияи Сино пешкаш гардида буд.

Бо шеъру суруд ва ҳунари рассомии худ таълимгирандагони МД таълимии асосӣ – “Мактаб – интернатӣ №1 барои кӯдакони ятим”-и шаҳри Душанбе ҳусни чорабиниро боз ҳам бошукуҳ намуданд.

Тибқи барномаи чорабинӣ мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои бандкашӣ, дастхобонӣ, вазнбардорӣ, турниккашӣ ва иҷрои меъёр аз тайёрии оташфишонӣ (ба қисмҳои асосӣ ҷудо ва васл намудани яроқ) гузаронида шуда ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Чуноне, ки муовини Фармондеҳи Қувваҳои ҳарби-ҳавои ва мудофиаи зиддиҳавои оид ба корҳои сиёсӣ – тарбиявӣ Ҳотамиён А.Ҳ., иброз дошт “...ин қисми низоми макони тавлиди Артиши миллии – Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони мебошад, зеро маҳз дар ҳамин қисми низоми Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарори таъсиси Артиши миллиро 23 феврали соли 1993 қабул намуданд”.

Дар давоми чорабини иштирокчиён ва меҳмонони чорабинӣ аз обектҳои будубошт, маишӣ ва китобхонаи қисми низомии 07003 дидан намуданд.

Дар майдони сафороии қисми низомии 07003 меҳмонон ва иштирокчиёни чорабиниро роҳбарияти қисми низоми қабул намуданд. Ҳотамиён А.Ҳ., - муовини Фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавои ва мудофиаи зиддиҳавои оид ба корҳои сиёсӣ – тарбиявӣ чорабиниро ифтитоҳ намуда ҳамагонро бо 25 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда барои ташкил ва гузаронидани чорабинӣ аз Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе изҳори сипос намуданд.

Бо суханони табрикоти назди иштирокчиён ва меҳмонони чорабини Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баромад намуда пеш аз ҳама хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавои ва мудофиаи зиддиҳавои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар симои онҳо тамоми хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро муборакбод намуда афзуд, ки таърихи каҳрамонию шуҷоат, далерию матонати падарону бобоёни мо бар ҳар як хизматчии ҳарбӣ дарси ибрат аст ва ташаккули хусусияти миллӣ доштани артиш, муносибати халқ ба хизмати ҳарбӣ ва эҳтироми мардуми Тоҷикистон ба заҳмати ҳарбиён таъсири нек мерасонад.

Ҳамчунин зимни чорабинӣ Раҳмонзода З.Ф., – Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Маҳмуродзода М.Б., – муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Ҳомидов И., – мудири шуъбаи ҷавонони КИМ ҲХДТ бо суханони табрикоти назди ҳозирин баромад намуданд.

Сипас, ба як қатор афсарону сарбозони қисми низомии мазкур барои саҳми арзанда дар корҳои ҳарбию ватандӯстӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва ба муносибати 25 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ тибқи нақша бо мақсади болидарӯҳ гардонидани хотираи афсарону сарбозон бо иштироки ҳунармандони МД “Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев” ва МД “Иттиҳодияи эъҷодию консертӣ” барномаи фарҳангию фароғатӣ пешкаш гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: