Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дастури амал

Дастури амал

3-03-2016, 16:10
Хабарро хонданд: 265 нафар
Назарҳо: 0
Дастури амал
Дар Маркази миллии ташхис ва табобату таълим, бо иштироки кормандони Маркази бемориҳои СПИД ва Маркази бемориҳои тропикӣ, МСШ №12 вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Холиқзода баргузор гардид. Мақсад аз ин вохӯрӣ шарҳу таҳлили нуктаҳои муҳими Паёми Сарвари давлат ва тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин Сайдалӣ Асоев-раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, ширкат дошт.

Сараввал дар назди ҳозирин Хушвақт Шарипов- директори маркази номбурда, дар мавриди Паёми Сарвари давлат, ки ба соҳаи тандурустӣ бахшида шуда буд, ҳарф зад. Мавсуф таъкид намуд, ки ба зиммаи кормандони соҳаи тандурустӣ масъулияту боварии азим вогузор шудааст, ки бояд бо меҳнати ҳалолу сатҳу сифати баланди хизматрасонии тиббӣ шоистаи ин боварӣ бошем. Таваҷҷуҳ ба ин соҳа ба хотири хизматрасонии беҳтар сол ба сол зиёд гашта, шароити корӣ хуб ва моҳонаи кормандон афзун мешавад. Сипас, Абдураҳим Ҳолиқзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми нуктаҳои ин ҳуҷҷати муҳимро шарҳу эзоҳ дода, аз ҷумла гуфт, ки Паёми Сарвари давлат дастоварду мушкилот ва ҳалли онҳоро дар доираи қонун дар бар гирифта, ба масъулони соҳа ва тамоми шаҳрвандон як дастури амал маҳсуб меёбад. Паёми имсола хусусияти иқтисодӣ дошта, мақсад аз он таъмини зиндагии шоиста барои шаҳрвадон аст. А. Холиқзода, бахусус аз мавзӯи коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ то 31 дарсад ва коҳиш ёфтани нишондодҳои фавти модару кӯдак, ки ба 1,6 (фавти модарон) ва 2,5 (кӯдакон) баробар аст, то дидани чораҳои зиддибуҳронӣ ва мубориза алайҳи омилҳои номатлуби экстримизму терроризм, дар маҷмӯъ ба тамоми масоили зикршуда рӯшанӣ андохт.

Дар мавриди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт, ки қисмати аввали тағйироту иловаҳо хусусияти забонӣ, имлоию баёнӣ дошта, қисмати дуюм тағйиру иловаҳои ҳуқуқиро дар бар мегирад. А. Холиқзода таъкид намуд, ки ҳамаи ин иқдому пешниҳод ва вазифагузориҳо баҳри зиндагии беҳтару хубтар ва рушду суботи мамлакат аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: