Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Моҳияти тағйиру иловаҳо ба Конститутсия

Моҳияти тағйиру иловаҳо ба Конститутсия

2-03-2016, 11:50
Хабарро хонданд: 500 нафар
Назарҳо: 0
Моҳияти тағйиру иловаҳо ба КонститутсияДар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд вохӯрии Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулбаҳор Турсунова вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, фаъолон, зиёиён баргузор гардид. Мулоқотро Раиси шаҳри Хуҷанд, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуд.

«Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ беш аз ҳама бобати сифатан беҳтару боло бурдани сатҳи зиндагии мардум, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодиёт, соҳибкорӣ, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ ва албатта пойдории сулҳу амнияти давлати соҳибистиқлоламон, таҳияи барномаҳои давлатӣ чун самти афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷии кишвар зикр гардиданд.

Ворид гаштани тағйиру иловаҳои санаи 22 май тариқи райпурсӣ пешбинӣ гашта низ яке аз равандҳои таъминкунандаи ормону ҳадафҳои миллӣ аст. Тағйироту иловаҳо бештар заминаи ҳуқуқии сохторҳои давлатӣ ҳаёти ҷамъиятую сиёсии кишварро таъмин намуда пешорӯи шаҳрвандони кишвари мо иштироки фаъолонаро дар марҳилаи нави давлатдории кишвари азизамон таъмин менамояд. Ман бо эътимоди комил гуфта метавонам, ки сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд чун як тан бо мардуми диёрамон ин тағйироту иловаҳор ҷонибдорӣ намуда, саҳми худро дар таҳкими давлатдории давлати соҳибистиқлоламон мегузоранд»-таъкид намуд Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода.

Баъдан дар назди ҳозирон ҳамчунин Маҳмадалӣ Маҳмадулло Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулбаҳор Турсунова вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Назира Ғаффорӣ муовини Раиси вилояти Суғд сухан гуфта, доири ин мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, зарурати иловаҳои ба райпурсии мардум пешниҳодгашта изҳори назар намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: