Соли 2021 теъдоди омӯзгорон зиёд гардид, — бардошт аз нишасти матбуотии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон9-02-2022, 07:45
Хабарро хонданд: 152 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 08.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар сатҳи муассисаҳои олии касбии мамлакат нахустин бор дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода марказҳои тарҷумонӣ ва рушди маҳорати методӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири тарҷумонӣ таъсис дода шуданд. Инчунин бо ибтикори Раёсати донишкада ва ҳамкорӣ бо намояндагии консулгарии Ҷумҳурии Ҳиндустон маркази омӯзиши забони ҳиндӣ таъсис дода шуд. Ин матлабро Ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Ҷило Гулназарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт. Мавсуф иброз намуд, ки донишкадаи мазкур мутахассисонро аз рӯи 11 забон ва 31 ихтисос дар зинаи бакалаврит, 5 ихтисос дар зинаи магистратура ва 5 ихтисос дар зинаи доктурантура бо касбҳои ба бозори меҳнат рақобатпазир омода менамояд. Ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» дар мавриди зиёд ё кам шудани теъдоди омӯзгорон дар донишкада ва дар ояндаи наздик кушодани факултаи нав ректор посух дод, ки «соли 2021 теъдоди омӯзгорони донишкадаи мо зиёд шуд. Мо имсол дар маҷмӯъ 107 нафарро ба кор қабул кардем, ки аз ин теъдод 54 нафар омӯзгорон мебошанд». Ҷило Гулназарзода изҳор дошт, ки бо тасмими раёсати донишкада барои кушодани 5 ихтисоси нав кор бурда шуда истодааст. Дар самти корҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии донишкада зикр карда шуд, ки соли 2022 аз ҳисоби суратҳисоби махсус маоши кормандони донишкада 10 фоиз зиёд карда шуд. Мавриди зикр аст, ки дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон 5 факултет: филологияи тоҷик, филологияи рус, забони англисӣ, забонҳои Осиё, забонҳои Аврупо, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва 16 кафедра мутобиқи нақшаи таълимӣ аз рӯйи 41 ихтисос бо фарогирии 5162 нафар донишҷӯ фаъолият менамояд. Дар айни замон 2 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Мексика курси пурраи омӯзиши забони тоҷикиро ба анҷом расониданд, ки ба онҳо сертификат дода шуд. Ҳоло 3 нафар шаҳрвандони Филиппин ва Кореяи Ҷанубӣ ба забономӯзӣ ҷалб гардидаанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.