Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Конференсияи илмию амалӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Умри миллат ба умри забон вобаста аст

Конференсияи илмию амалӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Умри миллат ба умри забон вобаста аст

5-10-2017, 11:10
Хабарро хонданд: 38 нафар
Назарҳо: 0
Конференсияи илмию амалӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Умри миллат ба умри забон вобаста аст

Имрӯзҳо тибқи мактуби Раиси Кумитаи ӣҷроияи Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷӣкистон дар шаҳри Душанбе аз 22.09.2017 сол, таҳти №1/55 ва нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ карда шуд.
Аз ҷумла санаи 4 октябри соли 2017 дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Забоншинос»-и Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода конференсияи илмию амалӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Умри миллат ба умри забон вобаста аст» баргузор гардид.
Дар рафти баргузории конференсияи илмию амалӣ – намоянда аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода Раҷабзода М, проффесор, муовини ректор Маҳмадҷонзода Олимҷон, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муминов Абдумаҷид ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишкада иштирок ва суханронӣ карданд.
Чорабиниро бо суханронии табрикоти Раҷабзода М. ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода ифтитоҳ намуд.
Сипас, Маҳмадҷонзода Олимҷон проффесор, муовини ректор аз рӯи мавзӯъи «Нақши Пешвои миллат дар рушди забони давлатӣ» маърӯза намуда, аз ҷумла ёдовари кард, ки забони тоҷикӣ – суннатҳои қадимӣ дошта, дар рушду такомули тамаддуни умумибашарӣ мавқеи муҳим дорад, ҳамчун забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои давлатдорӣ ва арзиши бузурги миллӣ буда, дар паноҳи давлат қарор дорад. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози даврони соҳибистиқлолии хеш то ба имрӯз оид ба масоили забони давлатӣ ва таъмини мақоми он дар муносибатҳои сиёсию иҷтимоӣ пайваста тадбирҳо андешида, ҳифз ва рушди онро вазифаи муқаддаси худ медонад.
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки ба шарофати соҳибистиқлоли кишвар ва ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди забони давлатӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи он тамоми тадбирҳо фароҳам оварда шудааст.
Инчунин дар рафти конференсия аз рӯи мавзуъҳои «Таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба забондонӣ ва забономӯзӣ», «Саҳми олимони рус дар омӯзиши лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ пеш аз Инқилоби Октябр», «Аз таърихи ташаккули забони давлатӣ», «Пешвои миллат ва рушди забони давлатӣ» ва дигар мавзуъҳои муҳим маърузаҳои илман асоснок карда шуд.
Дар фарҷоми конфренсия оид ба масъалаи рушди забони давлатӣ ва риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баҳсу мунозираҳо баргузор гардид.



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: