Таълими босифат омили пешгирии ихроҷи донишҷӯ6-02-2019, 09:07
Хабарро хонданд: 371 нафар
Назарҳо: 0
Дар соли 2017 шумораи донишҷӯёни аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ихроҷшуда 80 нафар буд, ки ин нишондиҳанда дар соли 2018 ба 52 нафар расидааст. “Ҳолатҳои ихроҷ шудани донишҷӯён бо сабабҳои гуногун дар мактабҳои олии кишвар ба назар мерасад, вале мо ҳамарӯза кӯшиши ба таълими сифатнок ҷалб намудани донишҷӯёнро дорем. Чун омили аслии гаравиши ҷавонон ба ҳаракатҳои номатлуб ва даст задани ин табақа ба амалҳои ҷиноӣ маҳз дар ҳолати дур будани онҳо аз таълим мебошад”, -гуфт Хайриддин Идиев, ректори донишкада, зимни баргузории нишасти матбуотӣ. Х. Идиев вобаста ба вабои аср, ришваситонӣ гуфт, ки хушбахтона дар ду соли охир амалҳои коррупсионӣ миёни кормандони донишкада ба қайд гирифта нашудааст, ки ин ҳолат хушнудкунанда мебошад. Маврид ба зикр аст, ки айни замон дар донишкада 2110 нафар донишҷӯ аз рӯи 20 ихтисос ба таълим фаро гирифта шудаанд. Дар соли 2018 бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати таълим дар донишкада сохтори нав таҳия шудааст, ки тибқи он якчанд кафедраи нав, аз қабили бойгоншиносӣ, педагогика ва низоми иттилоотӣ дар фарҳанг таъсис дода шудааст. Дар рафти баргузории нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки минбаъд аз рӯи дигар ихтисосҳои навташкил: Драматургия, менеҷменти робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ ва низоми иттилоотӣ дар фарҳанг довталабон ба таълим фаро гирифта мешаванд. Зикр шуд, ки донишкада бо 26 мактаби олии бурунмарзӣ, аз ҷумла донишгоҳҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Украина, Белорусия, Чувашистон созишномаҳои ҳамакорӣ ба имзо расонида, робитаҳои судмандро роҳандозӣ намудааст. Суғдмеҳри Маъруфзод |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.