Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ДДЗТ: Ҳамкориҳои байналмилалӣ густариш меёбанд

ДДЗТ: Ҳамкориҳои байналмилалӣ густариш меёбанд

27-07-2020, 13:39
Хабарро хонданд: 424 нафар
Назарҳо: 0
ДДЗТ: Ҳамкориҳои байналмилалӣ густариш меёбанд
Имрӯзҳо дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба омӯзиши забони тоҷикӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ рӯз ба рӯз зиёд гардидаистодааст. Бо назардошти ин, дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ роҳандозӣ шудааст. Аммо, баъди хуруҷи бемории сироятии коронавирус фаъолияти курси забони тоҷикӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ, ки дар донишкадаи мазкур таҳсил мекунанд, муваққатан боздошта шуд, вале бо оғози соли нави хониш омӯзиш дар курси мазкур дубора шурӯъ мегардад. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ ректори донишкадаи мазкур Маҳмадулло Раҷабзода зикр намуда, афзуд, ки аз ҷумлаи шунавандаҳои чунин курсҳо 3 нафар донишҷӯи хориҷӣ — 2 шаҳрванди Мексика ва 1 донишҷӯ аз Туркия ба шумор мераванд. Бо вуҷуди ин, теъдоди хоҳишмандон барои иштирок дар ин курсҳо хеле зиёд аст.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки ҳоло донишкада бо 50 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакат ва ташкилоту муассисаҳои бурунмарзӣ созишномаву қарордодҳои ҳамкорӣ ба тасвиб расондааст, ки дар заминаи ин ҳамкорӣ, 4 нафар омӯзгори донишкада дар хориҷи мамлакат аз такмили ихтисос гузаштанд.
- Чунин робитаҳои судманд барои баланд бардоштани сифати таълим ва омодасозии мутахассисони соҳибтахассусу забондон ва ҷавобгӯ ба бозори меҳнат мусоидат менамоянд,- гуфт М. Раҷабзода.
Инчунин, дар нишасти мазкур гуфта шуд, ки яке аз дастовардҳои муҳими донишкада — таҳсили донишҷуён дар хориҷи мамлакат ва иштироки онҳо дар озмунҳои илмиву фарҳангӣ буда, айни замон, 4 донишҷӯ дар Донишгоҳи Токиои Япония таҳсил доранд.
Бояд гуфт, ки айни ҳол, дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон 5 факултет, аз ҷумла филологии тоҷик ва рус, забони англисӣ, забонҳои Аврупо ва Осиё амал намуда, дар онҳо қариб 5 ҳазор донишҷӯ дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил доранд.
Қ. АҲМАДЗОД
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: