Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат: «Дар давраи санҷишу имтиҳонот ситоди зиддикоррупсионӣ ташкил шудааст»

Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат: «Дар давраи санҷишу имтиҳонот ситоди зиддикоррупсионӣ ташкил шудааст»

20-01-2017, 09:46
Хабарро хонданд: 233 нафар
Назарҳо: 0
Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат: «Дар давраи санҷишу имтиҳонот ситоди зиддикоррупсионӣ ташкил шудааст»
/АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон барои пешгирӣ кардани амалҳои коррусионӣ дар давраи санҷишу имтиҳонот ситоди зиддикоррупсионӣ ташкил карда шудааст. Аъзои ситод дар ҷараёни санҷишу имтиҳонҳо иштирок мекунанд. Барои пешгирӣ намудани ин зуҳурот почтаи махсуси электронӣ ташкил карда шудааст, ки танҳо Ректори донишкада онро назорат карда метавонад. Ба воситаи ин почта донишҷӯён мулоҳизаҳои худро бевосита ба Ректори донишкада пешниҳод карда, ҷавобҳои мушаххас мегиранд. Ин суханон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби Диловар Қодирзода, Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон баён шуданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Диловар Қодирзода инчунин зикр кард, ки тамоми санҷишҳо дар донишкадаи мо имрӯз тавассути маркази ягонаи тестӣ сурат мегиранд ва ҳамаи донишҷӯён ба воситаи компютер санҷиш месупоранд. Ба ғайр аз ин, мо ҳар моҳ дар доираи амалисозии нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии «Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои то соли 2020» дар ҳамаи сохторҳои донишкада чорабиниҳо баргузор мекунем. Ҳар шаш моҳ нақшаи нави чорабиниҳо дигар карда мешавад ва вобаста ба вазъи кунунӣ ва ҳолатҳои алоҳида баррасӣ мегардад.
«Яке аз вазифаҳои асосӣ дар ин самт гузаронидани пурсишномаҳо мебошад. Мо дар ҳар нимсолаи таҳсил пеш аз санҷишҳо ва баъди санҷишҳо пурсишнома мегузаронем ва он аз тарафи Раёсати донишкада таҳлил ва баррасӣ карда мешавад»,- гуфт Диловар Қодирзода.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: