Маҷлиси умумии солонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузорӣ» доир гардид7-02-2022, 10:10
Хабарро хонданд: 214 нафар
Назарҳо: 0
Февраль 5, 2022 09:23 ДУШАНБЕ, 05.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази миллии қонунгузорӣ маҷлиси умумии солонаи Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузорӣ»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар доданд ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар маҷлиси умумии солонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ панҷ масъала вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қонунгузорӣ”дар соли 2021, тасдиқи ҳайати нави гурӯҳи тарғиботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қонунгузорӣ”, баррасӣ ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қонунгузорӣ” дар соли 2022, баррасии аризаҳои кормандони марказ барои қабул ба сафи ҳизб ва музокирот дида шуданд. Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Дилбар Абдураҳимова ба роҳбарияти ташкилот барои фаъолияти пурсамари ҳизбӣ изҳори сипос намуд. Дар маҷлис аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.